Дар ноҳияи Ашт мавсими пила ҷамънамоӣ оғоз гардида, то имрӯз ҳудуди 6 тонна пилаи хушсифат истеҳсол карда шудааст.
Тавре директори Ҷамъияти саҳомии фаръии “Пилаи Ашт” Баҳриддин Бекназаров иттилоъ дод, тибқи нақша соли ҷорӣ дар ноҳия бояд 41 тонна пила истеҳсол карда шавад. Айни замон дар ҷамоатҳои деҳоти Ориён 2300, Ифтихор 2500 ва Ашт 1 тонна пила истеҳсол гардидааст.
Манбаъ афзуд, ки рӯзҳои наздик нақшаи ҷамъоварии пила дар ноҳия пур карда мешавад.