Изҳороти бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ашт

 807 боздид

оид ба фоҷеаи ба ҳалокат расидани сайёҳони хориҷӣ, ки рӯзи 29 июли соли 2018 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рух додааст

Мо занону бонувони ноҳияи Ашт куштори хоинонаву бераҳомна, ки  ба сари сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба вуқӯъ омадааст, бо ғаму андӯҳи зиёд қабул намудем.

Аз ин амалу рафторҳои ношоиста, ки аз ҷониби гумроҳгаштагону нохалафон ба вуқӯъ пайваст, моро бетараф гузошта натавонист. Кирдору амали хоинонаи як гуруҳ бадхоҳони миллат, оромию осудагии мамлакатро халалдор намуданд, боиси афсӯс аст.  Аммо руҳи мардуми меҳмоннавозу меҳмондӯсти миллати тоҷик аз ин амал шикаста намегардад.

Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, пайи дастгирии иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем ва намегузорем, ки осмони софу беғубори кишвари азизамон тира гардад.

Ин ҳолат моро водор месозад, ки мо шаҳрвандони тоҷик худогоҳу хештаншинос буда, баҳри оромиву суботи диёрамон дасти ҳам бигирем ва нагузорем, ки нохалафе зарари худро расонад.

Бешубҳа мардуми кишвари мо дар пешниҳоди ташаббусҳои оқилона барои дарёфти чунин ашхосони бераҳм пешсаф ҳастанд. Мардуми бонангу номуси миллати тоҷик ҳамеша бо тамоми ҳастӣ кишвари азизашонро пуштибонӣ хоҳанд кард.

Занону бонувони ноҳия умед бар он доранд, ки ин хоинони ҷинояткор барои содир намудани чунин амалу кирдори ношоиста нисбати сайёҳони хориҷӣ  ҳатман ҷазои худро хоҳанд дид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.