Изҳороти гуруҳи устодони муассисаи таълимии рақами 20 деҳаи Саро, ба кирдорҳои ношоистаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ

 527 боздид

Яке аз масъалаҳои доғи рӯз ва ҷаҳони имрӯза, ки хеле печидаву мураккаб гаштааст, экстремизм ва терроризм мебошад. Терроризм падидаи номатлуб ва мураккабест, ки хоси як дину оин ва маҳзабу миллат набуда, ҷузъ нафрат ба ин падида чизи дигареро дар дил намепарварад. Экстремисту террорист шахсест, ки барои ӯ муқаддасот, арзишҳои миллӣ, гуманизим, зебоӣ ва маданияту санъат, хираду дониш арзише надорад. Мутаассифона, дар ин гурӯҳу ҷараёнҳо ҷавонони фиребхӯрдаи тоҷик низ ҳастанд, ки аз бесаводию бехирадӣ, тарбияи суст ва дарк накардани марому мақсади ин гурӯҳҳо шомили онҳо шуда, қисмате аз онҳо қурбон ва қисми дигар ғуломи дасти ҷаллодони ин равияву ҷараёнҳо гардида, дар зиндагӣ роҳгум задаанд. Яке аз гурӯҳщои харобкунандаи террористӣ ин равияи салафия мебошад, ки дар шакли либоспӯшӣ, монанди ришу мӯйи сар, суханронию миёни мардум нишон додани худ дар чанд соли охир дар Тоҷикистон пайдо шуда ва тарғибу ташвиқи харобкориро доман задан мехостанд, вале ба ин ниятҳои нопоки худ нарасиданд. Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудани ин равияҳо ва фаъолияти ТЭТ ҳизби наҳзати ислом тадбири саривақтӣ мебошад. Вале боиси таассуф аст, ки наҳзатиҳо аз амалҳои зишту ғайриинсонии худ хулоса набароварда , қисме аз онҳо дар хориҷи кишвар бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ нисбати зиндагии осудаҳолонаи халқи тоҷик хусумат намуда, ба даъвоҳои беасоси худ ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон латма ворид карданӣ мешаванд. Мо аминем, ки ин дафъа низ тири онҳо пош мехӯрад ва тоҷикистониён фирефтаи суханони пуч ва беасоси онҳо намешаванд. Дар ҷодаи пешгирӣ аз ифротгароӣ, терроризм ва хушунатафканӣ миёни ҷомеа дар ҷаҳони имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бузург мебозанд. Сарвари давлат дар ҳама баромадҳояшон дар дохил ва хориҷи кишвар нисбат ба масъалаи мазкур дахл карда, барои дар муқобили қувваҳои харобкору террорист мубориза бурдани ҷомеаи ҷаҳониро амали бузурги инсонӣ барои раҳоӣ аз хатари терроризм унвон намуданд. Аз ҷумла дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии кишвар, ки рӯзи 14.05.2018 доир гардид, таъкид карданд, ки тамоми сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ бояд ҷиҳати мубориза бурдан ба ин вабо ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон аз тамоми имкониятҳо истифода баранд. Мутаасифона, як идда ҷавонони деҳаи Саро низ ба ин вартаи гумроҳӣ афтода, дар зиндагӣ раҳгум зада буданд. Хушбахтона, дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат саҳву хатоҳои онҳо бахшида шуда, мавриди авф қарор гирифтанд. Ин буд, ки натиҷаи корбарии якҷояи мақомотҳои дахлдор, роҳбарияти ноҳия ва аҳли ҷомеа чанд нафари онҳо ба Ватан баргашта, ба зиндагии осудаҳолона оғоз бахшиданд. Барнагаштани иддае аз онҳо боиси ташвиш ва таассуфи ҳамагон гардидааст. Умедворем, ки онҳо низ хатои худро дарк менамоянд ва аз ин имконияти муносибу мусоид истифода бурда ба Ватан бармегарданд. Мо, омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-и деҳаи Сароро лозим аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ ва дарки амиқи масъулият, Истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор ситоиш кунем, балки онро бо меҳнати софдилона ва содиқона таҳким бахшида, барои таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию худшиносӣ ва зиракии сиёсии онҳо саҳмгузор бошем. Нест бод, терроризму экстремизми динии наҳзатиҳо!!!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.