Изҳороти ҷавонони ноҳияи Ашт

 545 боздид

Мо ҷавонони ноҳияи Ашт аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор буда, барои рушду нумӯи Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ дода истодаем ва барои  ояндаи кишвар, хуррамии рӯзгори мардум ва ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолият дар паҳлӯи Пешвои муаззами худ шабу рӯз рост меистем ва зарур шавад, ҷони худро барои ҳифзи Ватани азизамон дареғ намедорем.

Як гурӯҳ бадбинони миллати мо душманони ваҳдату ҳамдилии сокинони мамлакат бо ном  “Паймони миллии Тоҷикистон” рӯз аз рӯз бо дасисаҳои нав ба нав мехоҳанд, амнияти ҷамъиятиро халалдор карда бошанд.

Мо ҷавонони бо нангу номуси диёр намегузорем, ки хоинони миллат амнияти  Ватани тинҷу орому, осудаи моро халалдор намоянд. Мо ҷавонони ноҳияи Ашт ба ҷавононе, ки раҳгумзада ҳастанд ва ба ин гурӯҳҳо шомил ҳастанд, гуфтанием: “Эй ҷавонон, Шумо ба гапҳои он нохалафон гӯш надиҳед, онҳо барои амалӣ намудани амалҳои нохалафи худ Шуморо истифода бурда истодаанд. Онҳо ба Шумо аз Ватану ватандорӣ насиҳат мекунанд? Шумо боре пурсидаед, ки ба мо аз Ватану ватандорӣ ҳарф мезанед, худ барои Ватан чӣ хизмат кардаед?”. Мақсади онҳо бо хоҷагони хориҷиашон танҳо халалдор намудани амнияти Тоҷикистони азизамон мебошад, ки мо бояд паҳлуи ҳам истода, нагузорем то он нохалафон ба ҳадафҳояшон бирасанд.

Имрӯз ба Шумо ҷавононе, ки дар зиндагӣ раҳгум задаед, мегӯем: “Ба Ватан баргашта, дар Ватани азизи худ бо ҳамроҳии модар, падар ва хоҳару бародари худ зиндагонӣ кунед”.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.