«Оид ба ҳамдилӣ ба ҳамоиши ҷавонони ватанхоҳ дар шаҳри Душанбе»
Командони сохаи мориф аз «тазоҳурот»-и 21.05.2018 дар назди сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе рух дода бохабар гашта, изхор намуданд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати оқилона, адолатпарварона, инсондустона буда, давоми 27- соли истиқлол ҳамчун кишвари ташаббускор байни 192 давлати дунё шинохта шудааст. Мо маорифчиён намехохем ,ки дигарбора дар кишвари мо ҷанги бемаьни такрор ёбад. Хуб шуд, ки «ҲИНТ» ҳамчун ҳизби ҷинояткор мамнуь гардид ва садҳо ҷавонон зери таъсири онҳо буда, падару модар, зану фарзандро партофта ё онҳоро низ ҳамроҳи худ гирифта, ба кишварҳои хориҷа гурехтанд, ё аз давлатҳои «дуруя» паноҳгоҳ ҷустанд.
Раиси ҷумхури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рузи 12.05. 2018 дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа, ки ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон доир шуд, дар суханрониҳои хеш мисолҳое, ки нисбати аъзоёни ҳизби мамнуъгашта бепардапӯшона гуфтанд, дуруст ва ҳақ мебошанд. Зеро онҳо ба Ватани азиз хисороти калон оварданд. Онҳо барои пулу мол шуда ,ба ҷосусони дигар давлатҳо фурухта шуда ё мазҳаби дигарро қабул карда,зидди Ватани худ мубориза намуда, беҳтарин ҷавонмардони бонангу орро кушта, хазинаи Ватанро тиҳи гардонидаанд .Минбаъд Мо чавононро дар руҳияи ватанпарастӣ, муҳофизи сарҳадот шудан, инсондустӣ, хештаншиносӣ тарбия намоем ки дигар аз дасти нохалафон ба гумроҳи даст зада, ё ба дигар ҳизбу ҳаракатҳо шомил нагарданд.
Мо Ватани худро дӯст медорем ва Қонунхои амлкунандаи Чумхурии Тоҷикистонро эҳтиром менамоем. Дар фазои он озодона нафас кашида, сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар ҳама ҳолат дастгирӣ менамоем.