Изҳороти намозгузорони масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Ашт

 758 боздид

«Оид ба ҳамдилӣ ба ҳамоиши ҷавонони ватанхоҳ дар шаҳри Душанбе»

Сарвари давлат, Ҷаноби Оли пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҷомеа чунин таъкид намуданд:

«Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст на тафриқа андозӣ дар байни уммати мусулмон».

Пайғомбари Худо (с) фармудаанд: «дин насиҳат ва хайрандешӣ аст. Гуфтанд: барои чи касе? Фармуданд: барои Худо ва барои китобаш ва барои расулаш ва барои роҳбарони мусулмонҳо ва барои ҳамаи муслимин».

Мо бояд пайрави мазҳаби Имоми Аъзам ва дар аҷидаамон устувор бошем ба ифротгарону иғвогарон, онҳое ки аз номи ислом суханҳои бардуруғ мегуянд, мазҳаби моро таҳҷир мекунанд, бовар накунем.

Пайрави мазҳаби Имоми Аъзам будан шараф аст  ва мо бо мазҳаби худ ифтихор дорем.

Дар Тоҷикистони азизи мо тамоми шароит муҳаё зиндаги ором, онҳое, ки аз руи мазҳаби Имоми Аъзам ибодат мекунанд фаъолият мекунанд, ягон мушкилие нест.

Дар натиҷаи ташкили ҳизбҳои «Исломӣ» ва сиёсӣ  кардани ислом ба муборизаҳои ҳизбӣ ва ба хун оғушта кардани мардум мебошад.

Назар ба Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Яман Судан ва дигар давлатҳои мусулмоннишин, ки даҳсолаҳо ин ҳизбҳои исломи бо ҳам дигар дӯст бошанд ва ба пешравии дини мубини Ислом хизмат кунанд. Баракс бо хунрези худ дини мубини Исломро дар ҷаҳон сияҳ мекунад.

Ҳизб ё аҳзоби сиёсӣ як гуруҳи одамонро дарбар мегирад, ки ҳадафи онҳо ба тариҷи таблиғи ҳадафмандона  ба даст овардани ҳокимият мебошад.

Ба мардуми Тоҷикистон маълум аст, ки ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон 1992-1996 чи мусибатҳоеро ба сари миллати тоҷик овард. Ҳизбиёни хиёнаткор бо роҳбарони худ Ватан миллат ва мазҳаби худро фурухтанд.

Ҷониб дорони  Кабирӣ дар мамлакатҳои ғарб ба роҳбарӣ ҳизби манъшуда ва терористи эълон шуда гуш медиҳанд. Хусусан давлати исломии Эрон Кабирӣ меҳмони воло маҷом, аксарияти аъзоёнаш дар Эрон зиндагӣ мекунанд.

Хомуш нестанд бо кӯмаки хоҷагони пасипардаги худ амал мекунанд. Яъне ҳарчи хоҳанд дар бораи Тоҷикистону тоҷикон мегуянд.

Хиёнати наҳзатиҳо дар таърихи 4-16 сентябри соли 2015 бо сардории Назарзода Абдуҳалим маъруф бо лаҷаби «ҳоҷи ҳалим» бо ҷонибдории раиси ҲНИТ- Муҳиддин Кабирӣ бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ тағир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халалдор намудани амнияти давлат буд.

Раиси собиқи ҲНИТ Ҳиматзода мақсади мароми ҳизбро чунин баён намуда буд: «кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷи барои иҷрои вазоиф дастраси мо мешуданд, ба роҳ монда шуда буд». Дар ин маврид донишҷуёне, ки муҳассилини давлатҳои хориҷи буданд ба мо кумакҳои хубе карданд, ки мо ба худ роҳ ёбем тарзу усули муборизаро биомузем, ислом танҳо иборат аз ибодат нест. Ислом ҳам дин ҳам сиёсат ҳам дунё ва ҳам охират аст.

Ҳақ ба ҷониби донишмандони мазҳаби Имоми Аъзам аст, ки зарурият надоштани ташкили чунин ҳизбро дар Тоҷикистон таъкид намуда гуфта буданд: «барои мазҳаби Ҳанафи ҳизби наҳзатӣ Ислом лозим нест».

Албатта донандагонӣ мазҳаби имоми Аъзам аз амалу суханронии собиқ раис ҲНИТ ва ҳаммаслаконаш хулоса бароварда барои покизагии мазҳаби худ ва барои ҷабул накардани мазҳаби Шиа, ки хоси миллати мо нест мубориза мебаранд.

Мо тарафдори намоиши эътирози мебошем. Барои пешгири кардан ҳақ дорем барои баргардонидани фарзандони худ аз хоричи кишвар зиддият нишон медиҳанд.

Намоиши эътирозӣ дар назди сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе.

Ҷамъомадагон нимарӯзии 21 май  бо шиорҳои «нест бод Кабири!». Такрори солҳои 1992-2000-ро намехоҳем!

Фарзандони моро ба гуруҳҳои терористӣ ҳамроҳ накунед!

Аз мардуми мусулмони Тоҷикистон чи мехоҳед! Фарзандони моро раҳгум накунед! Дар Тоҷикистон барои ҷангҳои мазҳаби ҷой нест! Фарзандони моро аз гуруҳҳои  террористи ба Ватан баргардонед! Гуфта шиор мезаданд.

Мо ходимони дин шукрони аз он дорем, ки  имруз барои аҳли мусулмонони Тоҷикистон дар асоси санадҳои меъёри ва конунҳои амал кунанда тамоми шароитҳо барои тоату ибодат муҳайё карда шудааст.

Мо шукрона аз он мекунем, ки дар фазои тинҷу ором зиндаги ба сар мебарем, фарзандону пайвандон ва аҳли ҷомеъаро дар руҳияи ватандустиву Ватан парварӣ, меҳру оҷибат, ҳалол кориву паивиҷдони, кори хайру саховат роҳ андози мекунем ва мардуми дар таҳорату ибодатӣ худ ба ақидаҳои имоми Аъзам пайрави мекунанд ва онро пос медоранд.

Воқеаҳои хунин солҳои 90-ум доимо дар зери назари мо намоён аст ва мо намехоҳем, ки бори дигар такрор шавад.

Дар урфият мегуянд.

«Кур як бор асояшро гум мекунад»

Мо тарафдори чунин ақидаҳо ҳастем вале на бо роҳи намоишу эътирозҳо балки ба воситаҳои гуфтугуи дипломати ҳал бояд шавад.

Худ ҷазоват кунед шахсоне, ки дигар мазҳабу равияҳоро ҷабул кардаанд, ватанро фурухтаанд ба модар хиёнат кардаанд бочи сабаб боз бо мардуми озоду зиндадили тоҷик бори гарон мешавад.

Дар охир мо ходимони дин дуо мекунем, ки Худои таъоло ҳеҷ касро азроҳи росту дуруст бероҳа накунад мардуми шарифи диёр соҳиби бахту саодати бардавом бошанд ва  Тоҷикистони азиз обод бошад ОМИН.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.