Изҳороти пиронсолони ҷамоати ш. Шайдон

 849 боздид

оид ба дастгирии ҳамоиши ҷавонони ватанхоҳ дар ш. Душанбе

Намоиши эътирози ҷавонони шаҳри Душанбе дар назди сафорати Эрон 21-уми майи соли 2018 бори дигар нишон дод, ки мардуми тоҷик нисбати фарзандони худ, хешу ақрабо ва ҳамиллатӣ худ бефарқ нестанд. Мардуми тоҷик аз қадим бомаърифату боҳиммат буда низомномаи дӯстиву рафоқат ва ҳурмати ҳамсоягиро риоя кардаанд. Лек борҳо шудааст, ки аз дасти нохалафон дучори мушкилоту азодори фарзандони худ гардонидааст. Ҳак ба ҷониби пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки террористро бедину, бемаҳзабу, бемиллат номидаанд. Ҷонашону дилашон нисбати фарзандонашон-ҷавонони ҳамин миллат месӯзад. Пас чаро баргардонидани ҷавонон аз мулки хориҷро мардум талаб накунанд?! Меарзад, ки нисбати ҳурмату дӯстиву рафоқати Эрону Тоҷикистон кормандони сафорат чун карзи инсониву имони ва вичдони нисбати баргардонидани чавонони дар мулкашон буда ёрӣ расонанд.

Пуштибонии ҲНИТ-ҳизби дар Тоҷикистон террорист эълоншударо накарда, риояи дӯстиву рафоқатро пеша намоянд ва дар баргардондани ҷавонони раҳгумзадаи мо кӯмак расонанд.

Дар тарозуи ақл- мизони ин ҷавҳари худодод амалҳоро баркашанд ва дар назди виҷдон софу пок бошанд.

Дар моҳи мубораки Рамазон мусоидат барои баргардондани ҷавонон, паст кардани ҳисси бадбинӣ, ҳурмати мазҳабу миллати ҳамсоя ин ҳам ҷавонмардист, ин аст хайрот, ин аст ҳурмату меҳру муҳаббат. Инро бояд Эрониён ҳис намоянд ва қарзи инсонии худ  донанд. Ба гуфти Сарвари давлат «Тоҷикистон неъмати худодод, муҷизаи табиат ва биҳишти руи замин аст, ки мо бояд шукронаи ҳар қатра обу ҳар пора заминаш кунем». Ношукри ин ноҷамонмардист. Дидаву дониста сафедро сиёҳ гӯед пас Шумо кистед? Баркашеду хулоса кунед.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.