Изҳороти сокинони деҳаи Хиштхонаи Ҷамоати деҳоти Понғоз ба кирдорҳои ношоистаи Шавкати Муҳаммадӣ

 758 боздид

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҷомеа чунин таъкид намуданд:

«Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст на тафриқа андозӣ дар байни уммати мусулмон».

Пайғомбари Худо (с) фармудаанд: «дин насиҳат ва хайрандешӣ аст. Гуфтанд: барои чи касе? Фармуданд: барои Худо ва барои китобаш ва барои расулаш ва барои роҳбарони мусулмонҳо ва барои ҳамаи муслимин».

Мо бояд пайрави мазҳаби Имоми Аъзам ва дар ақидаамон устувор бошем ба ифротгарону иғвогарон, онҳое ки аз номи ислом суханҳои бардуруғ мегуянд, мазҳаби моро таҳқир мекунанд, бовар накунем.

Мардуми тоҷик аз қадим бомаърифату боҳиммат буда низомномаи дӯстиву рафоқат ва ҳурмати ҳамсоягиро риоя кардаанд. Лек борҳо шудааст, ки аз дасти нохалафон дучори мушкилоту азодори фарзандони худ гардонидааст. Ҳак ба ҷониби пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки террористро бедину, бемазҳабу, бемиллат номидаанд.

Ба мардуми Тожикистон маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ солҳои 1992-1996 чи мусибатҳоеро ба сари миллати тоҷик овард. Ҳизбиёни хиёнаткор бо роҳбарони худ Ватан миллат ва мазҳаби худро фурухтанд.

Бар замми ин ҳама ободиву оромӣ, зиндагии осоиштаи мардум имрӯз чанде аз ҷавонони гумроҳ, ки худро дар зери пуштибонии ТЭТ ҲНИ мебинанд ва оромии ҷомеаи моро халалдор мекунанд, кам нестанд.

Яке аз онҳо зодаи деҳаи Хиштхона Шавкати Муҳаммадӣ мебошад, ки бо нашри мақолаву суханҳои қабеҳ дар шабакаи иҷтимоӣ оромиву суботи ҷомеаро халалдор намуда истодааст. Шавкати Муҳаммадӣ бо нашри мақолаҳое, ки дар таркибашон нишонҳаои бадибинӣ, кинаву адоват ва бадбинии миллат дида мешавад, нашр карда ҷанде аз ҷавонони моро гумроҳ намуда истодааст.Мо бошандагон ва истиқоматкунандагони деҳаи Хиштхона ин амали ношоитсаи Шавкатро маҳкум намуда, хоҳиши онро дорем, ки дар назди қонун ва давлат бояд ба кирдорҳои ношоистаи худ иқрор ва ҷазо гирад.

Воқеаҳои хунини солҳои 90-ум доимо дар зери назари мо намоён аст ва мо намехоҳем, ки бори дигар такрор шавад.

Дар урфият мегуянд «Кур як бор асояшро гум мекунад»

Худ қазоват кунед шахсоне, ки дигар мазҳабу равияҳоро қабул кардаанд, ватанро фурухтаанд ба модар хиёнат кардаанд бо чи сабаб боз бо мардуми озоду зиндадили тоҷик бори гарон мешавад.

Мо сокинони деҳаи зебоманзари Хиштхона шарм аз он дорем, ки фарзанди ин деҳа Шарипов Ш. хиёнатгари ин миллату давлат аст. Асло мо бо чунин ашхос ҳамфикр нестем.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.