Изҳороти як гурӯҳ сокинони деҳаи Сарои Ҷамоати деҳоти Понғоз ба амалҳои ношоистаи Абдуманнон Шералиев

 454 боздид

Имрӯз мо дар замоне зиндагӣ карда истодаем, ки пайгири мо тинҷиву оромист, дар кишваре зиндагонӣ дорем ки исми шарифаш Тоҷикистон аст. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳои “2019-2021 соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд. Ин пешниҳодро кулли сокинони кишвар ба хусус сокинони дурдасту деҳотнишин бо як дилгармиву хушнудӣ пазируфтанд. Чун таваҷҷӯҳ дар ин солҳо бештар ба деҳот нигаронида мешавад. Дар ин солҳо деҳаҳо рушд мекунанд ва зиндагии мардум боз ҳам беҳтару хубтар мегардад. Вақте таваҷҷуҳ ба деҳоти кишвар нигаронида шуд, корҳои ободониву созангӣ, бунёди коргоҳои наву замонавӣ бештар мегардад. Ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, мо дар замони Истиқлолият зиндагӣ дорем ва озод ҳастему пайи пешбурди зиндагии шоистаи худ.

Аммо бар замми ин ҳама дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бадхоҳоне ҳастанд, ки тинҷиву оромии моро халалдор намуда истоданд. Ин хоинони кишвар намехоҳанд, ки мо сокинон зиндагии осоишта дошта бошем. Бо ҳиллаву найрангҳои худ аксари ҷавонони деҳаи моро низ гумроҳ кардаву ба амалҳои пасти инсонӣ вогузор намуданнд. Аксари онҳо  имрӯз аз ин амали хеш пушаймон шудаанд. Бар замми ин ҳама Пешвои муаззами миллат ба ин ҳама чашм пушидаву онҳое, ки аз дасти ин разилон гумроҳ шуда буданд авф намуданд. Онҳое,ки гуреза буданд ба Ватан баргаштанд ва зиндагии орому осоишта дар ҳалқаи пайвандону азизони худ доранд.

Аммо моро бештар амалҳои ношоистаи зодаи деҳаи Саро, Шералиев Абдуманнон бештар нороҳат мекунад. Дар шабакаҳои иҷтимои бар зидди сиёсату пешравии давлат ҳар гуна суханҳои ноҷо  менависаду тинҷии мардуми деҳаи моро халалдор менамояд.

Мо сокинони деҳа ин амали Шералиев Абдуманнонро маҳкум менамоем. Шералиев Абдуманнон, ки худ дар оилаи зиёӣ ба воя расидаву маълумотӣ олӣ дорад, имрӯз пайрави ин хоинон шудаву ҳамроҳи онҳо ба тинҷии мо санг андохта истодааст. Ин амали Абдуманнон мо аҳли деҳаро хомӯш истодан намемонад. Чун бо ин кирдоҳои пасти инсонӣ кӣ ва чӣ будани худро нишон додаву номи деҳаи моро паст зада истодааст. Бояд дар пеши қонун ҷавоб гӯяд.

Мо бо хитоб ба Шералиев Абдуманнон гуфтанием, ки дигар дар шабакаҳои  иҷтимоӣ бо овардани далелҳои дурӯғ ва навиштани ҳар гуна мақолаҳои ғаразнок, ки бар зидди сиёсати давлат нигаронида шудааст даст бикаш! Он чӣ дар васфи зодгоҳи худ менависӣ ва баъдан боз бо нашри ҳар гуна гапҳои пучу бемаънӣ ба пешрафти деҳаи худ монеъ мешавӣ ин амалӣ ҷавонмардӣ нест! Бояд ба ин амалҳои ношоитаи худ дар назди қонун ҷавоб гуйи!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.