Ҷаласа оид ба татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”

 1 753 боздид

Имрӯз, 1-уми феврал дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода ҷаласа оид ба пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд дар бораи татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” доир гашт.

Зимни ҷаласа нахуст Зафар Мамадҷонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғдро оид ба татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ба сами ҳозирин расонд. Сипас Ҷалилӣ Аниса барои ислоҳи камбудиҳои дар пешниҳод ҷой дошта ба муттахассисони пешбар, муовинони раисони ҷамоатҳо ва шахсони масъул вобаста ба иҷрои татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дастуру супоришҳо дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.