Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2017

 852 боздид

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳия Мирдадо Зариф ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Бобозода Хайрулло, маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2017 баргузор гардид.
Дар маҷлиси фаъолон нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба мавзӯъ нахуст муовини Раиси ноҳия Расулзода Қафлон Мансурӣ ҳисобот дод. Таъкид гардид, ки дар ин давра рушди бонизоми иқтисодиёти ноҳия таъмин гардида, нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ бе дарназардошти андози иҷтимоӣ мувофиқи ноҳия дар нуҳ моҳи соли равон ба маблағи 25375,8 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуда, дар асл 25601,8 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд, ки баробари 100.9 дарсади нақша буда, нисбати нуҳмоҳаи соли сипаришуда 226,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад
Нақшаи нуҳмоҳаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 99,8 фисад иҷро карда шуд, ба ҷои 48960,0 ҳазор сомонии пешбинишуда, дар асл 48851,6 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисобӣ аз тарафи буҷаи вилоятӣ ба маблағи 25175,5 ҳазор сомонӣ мусоидати молиявӣ ва 1800,0 ҳазор сомонӣ маблағи ҳисоббаробаркунӣ ворид гардидааст, ки мутаносибан баробари маблағҳои пешбинишуда мебошад. Нақшаи нуҳмоҳаи даромадҳои худии буҷети маҳаллӣ 21984,5 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, дар асл 21876,1 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки баробари 99,5 фоизи нақша мебошад.
Нақшаи нуҳмоҳаи қисми хароҷотии буҷети маҳалии ноҳия ба маблағи 50987,2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шуда, дар асл ба маблағи 46140,0 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, ки баробари 90,5 фоизи нақша мебошад.
Ба санаи ҳисобӣ мувофиқи ноҳия ба миқдори 9635 тонна пахта ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супорида шудааст, ки баробари 104,7 фисади нақшаи солона буда, нисбати нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта 2398 тонна, ё ин ки 33,1 фоизи зиёд мебошад. Дар ин маърака пахтакорони ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Ифтихор, Ориён, Пунук ва Ошоба зарбдорона меҳнат намуда, то ба имрӯз иҷроиши нақшаи солонаро ба 101-105 фисад таъмин намудаанд ва дар бунёди хирмани ноҳия саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзии ноҳия ба миқдори 3480 тонна гӯшт, 40270 тонна асал, 14,2 тонна пилла истеҳсол карда шудааст. Нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2016 мувофиқи ноҳия истеҳсоли гӯшт 179 тонна, шир-770 тонна, тухм 1000,0 дона ва пашм- 2,1 тонна зиёд шудааст.
Дар маҷмӯъ, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 248,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 10,6 млн.сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он баробари 104,4 фоиз мебошад.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия 238,7 километр роҳҳо таъмиру тармим карда шуданд, ки баробари 89,0 фоизи нақшаи барномавӣ мебошад. Аз он ҷумла, 137,0 киллметр таъмири ҷорӣ бо асфалт ва 88 км роҳҳои дохилии ҷамоатҳо шағалпӯш карда шуданд, ки мутаносибан иҷроиши нақшаи барномавиро ба 76,0 фоиз ва 100,0 фоиз таъмин менамоянд.
Аз тарафи ташкилотҳои сохтмонии ноҳия дар давоми нуҳ моҳи соли 2017 юба маблағи 7157,5 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шудааст, ки дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2016 1259,6 ҳазор сомонӣ зиёд мемебошда ва суръати афзоиши корҳои сохтмонӣ ба 121,4 фоиз таъмин карда шудааст.
Дар ин давра бо истифодаи манбаъҳои мухталифи маблағгузорӣ дар ҳудуди нооҳия 13 адад иншоотҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, хизматрасониву маишӣ ба маблағи умумии 4652,5 ҳазор сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар муассисаҳои табобатӣ ба 359 ҳазору 276 нафар ниёзмандон кӯмаки тиббӣ расонида шуд. Дар ин муддат шумораи бемориҳои сироятӣ, бемориҳои шадиди меъдаю рӯда кам шуда, бемории сил 10 нафар нисбати ҳамин давраи соли 2016 зиёд шудааст.
Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои гуногун раиси ноҳия ба масъалаи қонуншиканӣ дар мавриди тақсиму истифодабарии замин таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Роҳбари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мутасаддиёни дахлдорро вазифадор намуд, ки ҷиҳати ислоҳи муаммои ба амаломада тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Дар рафти ҷаласа раиси ноҳия раисони шаҳраку ҷамоатҳо ва масъулини соҳаҳои гуногунро вобаста ба фаъолияташон мавриди пурсиш қарор дод. Дар мисоли ҷамоатҳои Понғоз, Ифтихор, Ошоба, Ашт, Шодоба суръати нокифояи ғунучини ҳосили пахта ва дар баъзе ҷамотҳо даъвати тирамоҳии ҷатаъмин намудани ҷавононписарони синнӣ даъвати ҳарбӣ мушкили асосӣ ба ҳисоб меравад.
Таъмини нақшаи даъвати ҳарбӣ, аз байн бурдани бақияи қарзи андоз, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, захираи маҳсулоти кишоварзӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои таълимию истеҳсолӣ масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар рафти ҷаласа ҳамзамон мутасаддиёни дахлдор барои ҷалби соҳибкорон ба бунёди муассисаҳои хусусии тиббию таълимӣ ва ташкили хизматрасониҳои дастрас ба мардум дар доираи риояи танзими анъана ва ҷашну маъракаҳо аз раиси ноҳия дастурҳои мушаххас гирифтанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.