Ҷаласаи кории Раиси ноҳия

 555 боздид

Имрӯз, 8-уми апрели соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷаласаи кории назди Раиси ноҳия бо иштироки роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардор ва кормандони масъули Раёсати кишоварзӣ, кумитаи идораи замини ноҳия, раисони ҷамоатҳо, мутахассисони пешбари ҷамоатҳо оид ба кишоварзӣ ва масъулини вобасташудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба рафти корҳои саҳроӣ баргузор гардид.
Инчунин дар ҷаласа дастуру супоришҳо оид ба вусъат бахшидани кишти пумбадона ва картошка, назорати рафти кишту кори баҳорӣ ва ба масъулин бинобар ноустувор будани боду ҳаво аз чаронидани чорво дар ҷойҳои селфаро эҳтиёткор бошанд, дода шуд.
Дар охир Раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.