Ҷаласаи навбатии кории назди Раиси ноҳия

 104 боздид

 

Санаи 21 апрели соли равон, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷаласаи навбатии кории назди Раиси ноҳия бо иштироки муовинон, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, комиссари ҳарбии ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кишоварзон ва мутахассисони мизи ҳарбии ҷамоатҳо, нозироти андоз, роҳбарияти Раёсатҳои кишоварзӣ, молия, омор, сардор ва кормандони кумитаи идораи замин, роҳбар ва кормандони КДФ БММҒ дар ноҳия, роҳбарони хоҷагиҳои ҷангал, мудир ва кормандони шуъбаи маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ ва роҳбарони коргоҳҳои духти либоси мактабӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас оид ба тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, тибқи нақша ва бо сифати баланд омода намудани боқимонда иншоотҳои ҷашнӣ, назорати қатъии рафти кишти баҳорӣ махсусан пахта ва картошка дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, назорати қатъии кори силсилаҳои пойгоҳҳои обкашӣ, тақсимоти одилонаи оби полезӣ ба хоҷагиҳои пахтакор, таъмини иҷрои босифати нақшаи андози моҳи апрел дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, то муҳлати муайяншуда аз ҷониби раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъбаст намудани нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти бомароми коргоҳҳои духти либоси мактабӣ ва таъмини либосҳои хушсифати мактабӣ ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ тибқи тақсимоти тасдиқшуда дода шуданд.
Дар охир Раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта дастур доданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.