27 декабри соли равон дар толори «Меҳмонхонаи Суғдиён»-и маркази вилоят ҷаласаи панҷуми Шўрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласаи навбатӣ, ки таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷараён гирифт, аъзои Шўро, роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатӣ, бизнес — ассотсиатсияҳо, соҳибкорон, намояндагони шарикони рушди Тоҷикистон ва васоити ахбори умум иштирок доштанд.
Раиси вилоят ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки соҳибкорӣ яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ба рушди он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста аҳамияти хоса дода мешавад. Дар ин раванд баҳри беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ як қатор дастгириҳо пешбинӣ гардида, дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026 — ро солҳои рушди саноат эълон карданд. Дар ин замина, масъулони соҳа ва соҳибкорону саноатчиёни вилоят ин иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудии том истиқбол гирифтанд.
Имрўзҳо дар вилояти Суғд зиёда аз 120 ҳазор соҳибкорон ва қариб 700 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Бояд зикр намуд, ки соҳибкорони вилоят дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт саҳмгузорӣ намуда, дар фаъолияти худ технологияҳои муосир, аз ҷумла технологияҳои информатсионӣ -коммуникатсиониро ба таври васеъ мавриди истифода қарор медиҳанд.
Сипас, аз рӯи масъалаи якуми ҷаласа ҳисоботи котиби Шўрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Шарифҷон Ахмедов шунида шуда, дар мавзўҳои “Мактаби электронии Тоҷикистон”, “Рушди соҳаи IT: дониш, таҷриба, шуғл”, “Рушди технологияҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон” рӯнамоии лоиҳаҳо сурат гирифт.
Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 30 декабри соли 2019 вобаста ба Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул карда шудааст. Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.
Консепсия ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 асос ёфта, инъикоскунандаи дурнамои умумии истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, ҳамзамон ҳарчӣ зудтар ба сатҳи зиндагии кишварҳои дорои даромади миёна расидани он ва ба таври назаррас паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ноил гардидан ба ҳадафҳои асосӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табодули он ба кишвари транзитӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Ҷорикунии ҳамаҷонибаи технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои пешқадам бояд асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва рушди рақобатнокии байналмилалии кишвар гардад. Рақамикунонии иқтисодиёт барои таъсиси модели нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, такон додан ба табодули намудҳои мавҷуда ва рушди намудҳои нави истеҳсолот, таҳкими тамоюли содиротӣ ва ҳамзамон қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ бо роҳи воридотивазкунӣ имконият фароҳам меорад. Консепсия ба гирифтани дивидендҳои рақамӣ дар чунин масъалаҳои барои рушди миллӣ басо муҳим, ба монанди таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ, табодули соҳаи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ равона гардидааст.
Дар кори ҷаласа аъзои Шӯро инчунин Нақшаи кории Шўрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ барои соли 2022 –ро тасдиқ намуданд.
Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои созандаи аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошташуда, таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва бо ин васила беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодии вилоят тамоми кўшишҳо ба харҷ дода мешаванд.
Дар охир як қатор соҳибкорон ва саноатчиёни вилоят, аз ҷумла Мамадҷонов Шуҳрат роҳбари ҶДММ “Рахшона” ки ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд, бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.