Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2018 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда

 843 боздид

Санаи 16 октябри соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти раёсати Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим, маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2018 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2018, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои МИҲД-и ноҳия, раисони ҷамоатҳо, сармуттахассисон оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, муттахассисони пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муттахассисони соҳаи кишоварзӣ, сармуттахассис, муҳандис заминсоз, мутахассисони андоз, сардорони мизи бақайдгирии ҳарбӣ ва раисони кумитаи маҳаллаҳои мақомоти худидораи шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, директорони мактабҳо ва сардухтурони беморхонаҳои минтақавӣ иштирок доштанд.

Дар маҷлиси фаъолон нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба мавзӯъ нахуст муовини Раиси ноҳия Расулзода Қафлон Мансурӣ ҳисобот дод. Таъкид гардид, ки нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ бе дарназардошти андози иҷтимоӣ мувофиқи ноҳия дар  нуҳмоҳаи соли 2018 ба маблағи 28миллиону 106 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шуда, дар асл 28 миллиону 409 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд, ки баробари 101,1 фоизи нақша буда, нисбати он 302,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда ба буҷет 2 миллиону 807  ҳазор сомонӣ, ё ин ки 11,0% зиёд маблағ ворид гардидааст. Дар давраи ҳисобӣ иҷрои сифатноки нақшаи даромадҳо ба буҷет беҳтар гардида, аз 10 манбаҳои даромад нақшаи муқарраргардидаи 7 намуди андозу пардохтҳои ҳатмӣ пурраву барзиёд иҷро карда шуданд.

-Нақшаи нуҳмоҳаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 100,2% иҷро карда шуда, ба ҷойи 49 миллиону 299 ҳазор сомонии пешбинишуда, дар асл 49 миллиону 385 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисобӣ аз тарафи буҷаи вилоятӣ ба маблағи 25 миллиону 16 ҳазор сомонӣ мусоидати молиявӣ ва 702,8 ҳазор сомонӣ маблағи ҳисоббаробаркунӣ ворид гардидааст, ки мутаносибан баробари маблағҳои пешбинишуда мебошад. Нақшаи нуҳмоҳаи даромадҳои худии буҷети маҳаллӣ 23 миллиону 434 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, дар асл 23 миллиону 534 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки баробари 100,4 фоизи нақша мебошад.

-Нақшаи нуҳмоҳаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия ба маблағи 49 миллиону 281  ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шуда, дар асл ба маблағи 49 миллиону 229 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, ки баробари 99,9 фоизи нақша мебошад. Бақияи қарзи пардохти андозҳо ба санаи ҳисобӣ мувофиқи ноҳия 4 миллиону 102 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбати нишондиҳандаи 1 январи соли 2018 108,7 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

-Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба санаи ҳисобӣ дар ноҳия дар майдони 175 гектар боғоти нав бунёд карда шудааст, ки нисбати нақшаи барномавӣ 17,5 маротиба зиёд мебошад. Инчунин дар майдони 252,9 гектар боғу токзори кӯҳна барқарор карда шуда, нақшаи барномавӣ ба андозаи 549,8% таъмин карда шудааст.

— Мувофиқи дурнамои соли 2017, кишти баҳорӣ дар майдони 9890 гектар пешбинӣ шуда, дар асл дар майдони 9844 гектар кишт гузаронида шудааст, ки баробари 99,5 фоизи дурнамо мебошад ва нисбати соли гузашта 77 гектар зиёд аст. Соли равон дар хоҷагиҳои ноҳия нисбати нишондиҳандаҳои соли 2017 803 гектар пахта ва 86 гектар картошка зиёд кишт карда шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2018 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзии ноҳия 7000 тонна ғалладонагиҳо, 3542 тонна картошка, 8831 тонна сабзавот, 1764 тонна полизиҳо, 15510 тонна меваҷот ва 1189 тонна ангур истеҳсол карда шудааст. Дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2016 истеҳсоли  ғалладонагиҳо – 39 тонна, картошка – 78 тонна, сабзавот – 1054 тонна ва ангур — 24  тонна зиёд шудааст.

— Дар давоми нуҳ моҳи соли 2018 мувофиқи ноҳия дар соҳаи саноат ба маблағи 115 млн. 492 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 13 млн. 862 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши истеҳсолот баробари 113,6% мебошад.

Дар ин давра аз 12  корхонаҳою коргоҳҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият, 10 ададшон фаъолият намуданд ва аз онҳо  9 корхонаву коргоҳҳо нисбати соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд. Дар давраи муқоисавӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар ҶДММ “Рахшона” ба 150,9%, ҶДММ “Пайванд ва Дӯстон” – 490,4%, ҶСП “Марҳамат” – 108,6%, матбаа – 108,9%, ҶДММ “Шириниҳои Дӯстӣ” – 100,0%, ҶДММ “Озодалӣ” – 132,0%, КИ “Зарнигор” – 135,5% ва ҶДММ “Иброгим” – 107,0% таъмин гардидааст.

Дар ин давра аз 8 номгӯи маҳсулотҳои асосии саноатӣ, аз рӯи 5 намуд истеҳсоли маҳсулот нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи   соли гузашта зиёд гардидааст. Дар давраи муқоисавӣ дар ноҳия истеҳсоли нахи пахта – 1135,8 тонна, чигит – 629,9 тонна, хишти сохтмонӣ – 319,7 ҳазор дона ва либосҳои мактабӣ – 9797 дона зиёд шудааст.

— Дар ин давра, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 156 адад манзилҳои истиқоматии шахсӣ бо масоҳати умумии 17177 метри мураббаъ бо арзиши 7 миллиону 176 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 5 хонаи истиқоматӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра аз тарафи муассисаҳои нақлиётии ноҳия ба миқдори 33,9  ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ кашонида шудааст. Ба миқдори 5021,5 ҳазор нафар мусофирон ба манзил расонида шуданд, ки дар муқоиса ба нишондиҳандаи  соли гузашта 215,3 ҳазор нафар ё ин ки 4,5 фоиз зиёд мебошад.

— Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар масофаи 109,4 километр  роҳҳо таъмиру тармим карда шуданд. Аз он ҷумла, 5,9 километр роҳҳо таъмири асосӣ, 95,0 километр таъмири ҷорӣ бо асфалт ва  8,5 км роҳҳо шағалпӯш карда шуданд.

Инчунин дар ин давра бо истифодаи манбаҳои мухталиф дар ҳудуди ноҳия 35,8 километр роҳҳои дохилӣ таъмир карда шуданд, ки аз онҳо 20,15 километр таъмири асосӣ, 5,0 километр таъмири ҷорӣ ва 10,6 километр шағалпӯш карда шудааст. Боиси қайд аст, ки дар ҷамоатҳои шаҳраки Шайдон, Понғоз ва Пунук бо дастгирии аҳолӣ дар масофаи 14,2 километр роҳҳо таъмири асосӣ ва 10,0 километр роҳҳо шағалпӯш карда шуданд, ки маблағи умумии ин корҳо 2 миллиону 930 ҳазор сомониро ташкил намуд. Инчунин бо дастгирии Дирексияи иншшотҳои сохташавандаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор – 1,1 километр,  Ориён – 1,0 километр, Ашт – 1,8 километр ва Пунук – 1,2 километр ба маслағи 1 миллиону 670 ҳазор сомонӣ бо асфалти гарм таъмири асосӣ карда шуд.

— Дар нуҳ моҳи соли 2018 оид ба иҷрои Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 бахшида ба соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” якчанд чорабиниҳо бо иштироки хонандагон, адибон, таърихшиносон баргузор гардиданд. 34 адад ёдгориҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳо аз нав ба қайд гирифта шуда, дар он ҷойҳо корҳои таъмиру ободонӣ, хуррамгардонӣ ба анҷом расонида шуданд.

— Дар нуҳмоҳаи  соли 2018 дар марказҳои саломатӣ ба 247511 нафар ниёзмандон кӯмаки тиббӣ расонида шуд. Дар давраи ҳисобӣ 2 нафар фавти модар ба қайд гирифта шудааст. Миқдори кӯдакони то 5-сола фавтида 48 нафарро нишон медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017 6 нафар зиёд аст. Нишондиҳандаи фавти кӯдакони то 5-сола ба 1000 нафар зиндатаваллуд ба 0,8 баробар аст.

Дар нуҳмоҳаи соли 2018 бемориҳои сироятӣ ба монанди бемории исҳоли хунин 27 нафар,  Гепатит В- 71 адад, Гепатит С- 20 адад, ба қайд гирифта шуда, шумораи гирифторони бемории шадиди рӯъдаю меъда 71 адад, Гепатит В-46 адад, Гепатит С-17 адад нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст. Дар нуҳмоҳаи соли 2018 фавти 2 нафар беморон аз Гепатити В ва бемории сил ба қайд гирифта шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ оид ба пешгирӣ аз бемории ВНМО дар давраи ҳисобӣ  28 маротиба лексияҳо, 39 маротиба суҳбатҳо, 40 маротиба семинарҳои омӯзишӣ-дастурдиҳӣ гузаронида шуда, дар ин муддат 6 нафар сироятёфтагони ВНМО ба қайд гирифта шуда, зери назорати шуъбаи диспансерии Маркази БПНМ-и вилояти Суғд қарор дошта, табобати зиддиретровирусӣ гирифта истодаанд.

Роҳбари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мутасаддиёни дахлдорро вазифадор намуд, ки ҷиҳати ислоҳи муаммои ба амаломада тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Дар рафти ҷаласа Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони шаҳраку ҷамоатҳо ва масъулини соҳаҳои гуногунро вобаста ба фаъолияташон мавриди пурсиш қарор дод. Дар мисоли ҷамоатҳои Шайдон, Понғоз, Ифтихор, Ошоба, Шодоба, ки суръати нокифояи ғунучини ҳосили пахта ва ба даъвати тирамоҳӣ таъмин намудани ҷавононписарони синнӣ даъвати ҳарбӣ дар баъзе ҷамотҳо мушкили асосӣ ба ҳисоб меравад.
Барои таъмини нақшаи даъвати ҳарбӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, захираи маҳсулоти кишоварзӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои таълимию истеҳсолӣ дастуру супориш дод.

Дар рафти ҷаласа ҳамзамон мутасаддиёни дахлдор барои ҷалби соҳибкорон ба бунёди муассисаҳои хусусии тиббию таълимӣ ва ташкили хизматрасониҳои дастрас ба мардум дар доираи риояи танзими анъана ва ҷашну маъракаҳо аз Роҳбари МИҲД-и ноҳия дастурҳои мушаххас гирифтанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.