Ҷамъбасти соли ҷавонон ва тақдими туҳфаҳо ба фаъолон

 1 015 боздид

Имрӯз бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бахшида ба ҷамъбасти “Соли 2017- соли ҷавонон” ва истиқболи соли нави милодии 2018, чорабинии идона баргузор гардид.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия гуфт, ки дар доираи амалии нақшаи тасдиқгардидаи Соли ҷавонон давоми сол дар ноҳия як қатор чорабиниҳо ташкил ва баргузор карда шуд. Мақсади гузаронидани чунин чорабиниҳо ин тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ байни онҳо, эҳтиром нисбат ба мероси ниёгон, марзу буми Ватан мебошад.

Роҳбарияти ноҳия дар идома афзӯд: “Дар давоми соли равон дар ҳудуди ноҳия 2 коргоҳҳои нави истеҳсолӣ- коргоҳи пахтатозакунӣ дар назди ҶСП “Марҳамат” ва коргоҳи коркарду бунбасти меваи хушк дар назди ҶДММ “Ашт-фрут” бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт. Бо истифодаи манбаъҳои мухталифи маблағгузорӣ дар ҳудуди ноҳия 17 адад иншоотҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ ба маблағи умумии 5967000 (Панҷ миллиону нуҳсаду шасту ҳафт) ҳазор сомонӣ сохта ба истифода супорида шуданд”.

Ҷиҳати беҳтар намудани ҳоли роҳҳои автомобилгард бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуда истодааст. Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 286,1 километр роҳҳо тармим карда шуданд, ки баробари 106,6 фоизи нақшаи барномавӣ мебошад. Аз он ҷумла, 198,1 километр таъмири ҷорӣ бо асфалт ва 88 км роҳҳои дохилии ҷамоатҳо шағалпӯш карда шуданд, ки мутаносибан иҷроиши нақшаи барномавиро ба 110,0 ва 100,0% таъмин менамоянд.

Дар чорабанӣ таъкид гардид, ки соли ҷорӣ махсусан дар соҳаи пахтакорӣ нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ба даст оварда шуданд. Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия соли равон ба миқдори 14824 (чордаҳ ҳазору ҳаштсаду бисту чор) тонна пахта истеҳсол ва ба корхонаҳои коркард супорида шуд, ки баробари 161,1 фоизи нақшаи солона буда, нисбати нишондиҳандаи соли 2016 5429 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокии миёнаи пахтазори ноҳия 27,1 сентнериро ташкил намуд, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар давоми солиҳои охир мебошад.

Аз тарафи роҳбарияти ноҳия як қатор роҳбарони корхонаву ташкилот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, варзишгарони ҷавон, раисони ҷамоатҳо, фаъолзанони ноҳия ва кормандони сохторҳои қудратӣ бо Сипосномаи МИҲД-и ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир барои болида намудани таъби  иштирокдорон аз тарафи Бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ манзури ҳозирин гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.