Дар ҷамоати Меҳробод зиёда аз 300 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд

 840 боздид

Имрӯз, 4-феврали соли ҷорӣ  бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар шоҳроҳи ҷамоати деҳоти Меҳробод зиёда аз 300 бех дарахтони ҳамешасабзи арча шинонида шуд.

Дар ин чорабинии оммавӣ Зариф Мирдадо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия, кормандони идораву ташкилотҳо ва сокинони ҷамоати мазкур  иштирок намуданд.

Зариф Мирдадо ҳамроҳи ҳозирин дарахтони ҳамешасабзро шинонида таъкид дошт: “  Мо бояд  ҳама барои ободу зебо гардонидани ҳар гӯшаву канори ноҳия саҳми арзандаи худро гузорем, ва ба пешрафти он талош варзем. Ноҳияи мо яке аз зеботарин минтақаи кишвари азизамон ба ҳисоб рафта, ҳусни имрӯзаи он аз меҳнати софдилонаи мову Шумо вобастагӣ дорад”.

Шинонидани дарахтони ҳамешасабз идома дошта, дар назар аст санаи 6-уми феврали соли ҷорӣ дар ҷамоати шаҳраки Шайдон баргузор карда шавад.


Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.