Ҷамъомад дар прокуратураи ноҳия

 977 боздид

Дар маҷлисгоҳи прокуратураи ноҳия ҷамъомад доир гардид, ки дар он муовини якуми раиси ноҳия Расулзода Қафлон Мансурӣ, муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Каримзода Хушнуд Каримӣ ва прокурори ноҳия мушовири дараҷаи 1 Раҳмонзода Абдусамӣ  иштирок намуданд.

Дар ҷамъомад татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Пешгирии зӯроварӣ дар оила”  баррасӣ карда шуд.

Ҳамчунин масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву террористӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, гуфта шуд мунтазам байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шавад.

Дар охир барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта, дар самти татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” ба масъулин вазифагузорӣ карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.