Имрӯз, 14 июн дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ҷамъломади сироятшиносони вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт баргузор гардид.
Дар ҷамъомад муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, сардухтури беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд Муминов Б, сартабиби беморхонаи ноҳияи Ашт Абдурауф Имомов ва аъзоёни ҷамъияти сироятшиносони вилояти Суғд ва табибон иштирок доштанд.
Аниса Ҷалилӣ муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, дар баромади худ иброз дошт, ки баргузории ҷамъомади имрӯза низ дар радифи чорабиниҳои пешгирӣ-фаҳмондадиҳӣ оид ба касалиҳои сироятӣ, ки дар сатҳи ноҳия тамоюли зиёдшавӣ дорад, айни муддао буда, боравӣ дорам, ҳизирин бо гирифтани маълумоти дақиқ, омӯзиш ва дастуру тавсияҳо дар фаъолияти минбаъда бо корҳои пешгирикунанда дар ноилгардӣ ба нишондиҳандаҳои мусбӣ саҳм мегузоранд.
Баъдан мутахассисон оид ба оризаҳои бемориҳои шадиди рудаю меъда ва табобати онҳо, таби оби- лептоспироз: этиология таъриф патогенез килиника дифдиагностика ва бемориҳои гелминты-геьлмонтоз маърӯза намуданд.
Дар охир мунозира-музокира баргузор гардид, ки иштирокдорон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки беморхонаи марказии ноҳияи Ашт фаъолияти худро соли 1955 оғоз намуда, дар заминаи беморхонаи марказӣ соли 1960 шӯъбаи сироятӣ ташкил карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Ашт барои беморони сироятӣ 45 кати беморӣ мавҷуд буда, аз онҳо 30 кати беморӣ дар ҳудуди беморхонаи марказӣ мебошад. 15 кати бистарӣ ҳамчун шӯъбаи сироятӣ дар ҳайати беморхонаи ноҳиявии №1-и Ҷамоти деҳоти Ориён мебошад. Дар ноҳия барои расонидани кӯмаки тибии сироятӣ 4 нафар духтур сироятшинос ва 39 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият мебаранд.