Санаи 22 – юми феврали соли 2025 ба муносибати 32-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии воқеъ дар ноҳияи Ашт — қисми ҳарбии 14356 “б”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҳарбии 0216-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, сардорону роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ноҳия, комиссариати ҳарбии ноҳия, роҳбарият ва афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии болозикр ва собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок доштанд.
Раиси ноҳияи Ашт, мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода бо арзи гиромидошти ин санаи муқаддас ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбиро самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳату саломатӣ, хонаи обод, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор ва барору муваффақиятҳо таманно намуд.
Дар баромади худ қайд намуданд, ки “Санаи 23 феврали соли яке аз рӯзҳои таърихӣ ва хотирмон аст. Зеро, маҳз, аз ҳамон рӯз бо қадамзании аввалини сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббусу ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши миллӣ ташкил гардид, ки он зодаи даврони истиқлоли давлатӣ буда, ба ин рӯзи саид 32 сол пур мегардад. Таъкид намуданд, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як ниҳоди устувору пуриқтидоре табдил ёфтааст, ки бо афсарону сарбозони шуҷою далер, мутахассисони баландихтисосу кордон, техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ, оромиву осоиштагии давлату миллатро пурра таъмин менамояд.
Барои таъмини шароити хуби хизмат ва истироҳати афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ бо лавозимоти зарурии ҳарбӣ, техникаю воситаҳои амалиёти ҷангӣ, сохтмони иншоотҳо, дидбонгоҳҳо, инчунин ҷой барои қабули волидайн дар сафарҳои дидорбинӣ бо сарбозону афсарон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Ҳамчунин, аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия тадбирҳои доимӣ андешида мешаванд ва ин ҳама аз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ дар баргузории чорабиниҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ дар маркази ноҳия фаъолона ширкат меварзанд ва намунаи ибрати ҷавонон мегарданд.
Ба афсарону сарбозон бахшида ба ин ҷашни муқаддас дастурхони идона ташкил карда шуда, таҳти барномаҳои фарҳангӣ доир гардид.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ