Имрӯзҳо бо мақсади ба дастовардҳои арзанда ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои ободонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ рӯ ба вусъат доранд.
Маврид ба зикр аст, ки сокинони ташаббускору меҳандӯсти Ҷамоати шаҳраки Шайдон дар қатори дигар сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар корҳои ободониву созандагӣ нақши арзанда дошта, азм доранд бо дастовардҳои меҳнатии худ ҷашни 35-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намоянд.
Дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Шайдон бахшида ба 35-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 135 –адад иншоотҳои мухталифи иҷтимоӣ – иқтисодӣ, фарҳангиву варзишӣ, хизматрасониву маишӣ ва ғайра ба истифода дода шуданд, ки ба санаи ҳисобӣ 129,5%-и нақшаи пешбинишуда (дарбаргирии солҳои 2022-2026) буда, аз нақша 31 –адад зиёд мебошад.
Дар заминаи ин ҳама ободкориҳо иттилоъ медиҳем, ки дар ноҳия баҳри таъмини рушди инфрасохториву коммуникатсионӣ ва бо мақсади тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, ба таъмиру тармим ва беҳдошти ҳолати техникии роҳҳои маҳаллӣ аҳамияти хоса зоҳир гардида шуда истодааст.
Дар ин росто, ташаббусҳои созандаи аҳолӣ ва соҳибкорони Ҷамоати шаҳраки Шайдон махсус қайд карда мешавад.
Соли 2024 аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорон ва мардуми маҳал 12,6 километр роҳҳои дохилиро бо асфалти гарм таъмири асосӣ (капиталӣ ) ва 4 километрро роҳҳоро шағалпӯш намуда буданд. Ин иқдом, соли ҷорӣ бо муташаккилии аҳли мардуми ҷамоат ҷараён дошта, ба санаи то 15-уми сентябри соли ҷорӣ 2 км роҳҳои маҳаллиро бо асфалти гарм таъмири асосӣ (капиталӣ ) ва 2,4 км роҳро шағалпӯш намудаанд.
Истиқоматкунандагони кӯчаҳои ба номи Сироҷиддин Иминҷонов ва Ҷаббор Расулов бо азми худӣ мумфаршкунии роҳи асосии бо ҳам пайвастшавандаи ин маҳалларо оғоз намуданд, ки зиёда аз 1 км-ро дарбар гирифтааст.
Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода дар якҷоягӣ ҳайати ҳамроҳон бо мардуми маҳал дар корҳои мумфаршкунӣ ҳамдастӣ намуда, аснои боздид ба раиси кумитаи маҳалла ва сокинони маҳал, роҳбарияти Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва пудратчиёни роҳ сӯҳбати самимӣ ороста, барои ташаббусҳои бунёдкоронаашон изҳори миннатдорӣ ва ба онҳо дар ҳаёту рӯзғорашон хонаободӣ ва муваффақиятҳо таманно намуданд.
Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода зикр намуданд, ки пешрафту бузургии мо — аз сарҷамъию муттаҳидӣ аст ва бо ин васила мо метавонем аз ӯҳдаи ҳамаи корҳое, ки ба манфиати оила, мардум ва давлату миллат аст, сарбаландона бароем.
Аз анҷоми корҳои мумфаршкунии маҳалла иловатан иттилоъ медиҳем.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ