ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ

 302 боздид

Иттилоъ дода будем, ки дар ноҳия баҳри таъмини рушди инфрасохториву коммуникатсионӣ ва бо мақсади тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, ба таъмиру тармим (мумфаршкунӣ бо асфалти гарм, таъмири ҷорӣ ва ғайра) ва беҳдошти ҳолати техникии роҳҳои дохиливу маҳаллӣ аҳамияти хоса зоҳир гардида шуда истода, дар ин росто имрӯзҳо бо мақсади бо дастовардҳои арзанда ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои ободонӣ, созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта истодаанд.

Маврид ба зикр аст, ки ташаббусҳои созандаи аҳолӣ ва соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Ориён дар қатори дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия назаррас буда, дар қаламрави ҷамоат ба ҳолати 01.01.2025 шумораи аҳолӣ 21749 нафар ва миқдоран 4076-адад хоҷагиҳои хонаводагии шахсии аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар доираи нақшаи – чорабиниҳои ноҳиявӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти  Ориён ба истифода додани 86 адад иншоотҳои мухталифи иҷтимоӣ – иқтисодӣ ба нақша гирифта шуда, айни ҳол дар маҷмӯъ 100-адад иншоотҳои ҷашнӣ (сохтмон, азнавсозӣ, таъмиру тармим ва ғайра) ба истифода дода шуданд, ки 116,3 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар таркиби ин иншоотҳо давоми 3-соли охир (солҳои 2022-2025) дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №67 ба миқдори 4-синфхона; МТМУ №52 ба миқдори 6-синфхона ва МТМУ №10 ба миқдори 10-синфхона, ҷамъ 20-синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон сохта ба истифода дода шудаанд.

Соли 2024 аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорон ва мардуми маҳал 22 километр роҳҳои маҳалливу  дохилиро бо асфалти гарм мумфарш (вазни қиёсӣ нисбат ба маҷмӯи роҳҳои дохиливу маҳаллии мумфаршшудаи ноҳия 12 фоизро дарбар гирифтааст), 12 километр таъмири ҷорӣ ва 2 километрро роҳҳоро шағалпӯш намуданд ва ин иқдом низ соли ҷорӣ бо муташаккилии аҳли мардуми ҷамоат оғоз гардид.

Бо ин тадбирҳои ободкорӣ, мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгириҳои шарикони рушд, соҳибкорону аҳолии Ҷамоати  деҳоти Ориён зиёда аз 0,2 км роҳи нақлиётгарди ”Раҳим Сой” бо асфалти гарм мумфарш карда шуд. Ба ҳолати кунунӣ аҳли ҷамоатчигӣ тасмим гирифтааст, ки 4 километр роҳҳои дохилии маҳаллии деҳаи Шаҳринавро (дарбаргирии кӯчаҳои ба номи Қушқорбой Дадоҷонов; Орзуқул Ҳамроқулов; Юсуфҷон Раҳматҷонов) мумфарш намояд ва корҳо дар марҳилаи оғоз мебошанд.

Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода дар якҷоягӣ бо масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бо мардуми маҳал дар корҳои мумфаршкунӣ  ҳамдастӣ намуданд. Ба онҳо барои ташаббусҳои бунёдкорона ва дастгирии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар сӯҳбати озоди сарироҳӣ бо мардуми маҳал ва бунёдкорон қайд карданд, ки мо ҳамагон шукронаи кишвари азизамон — Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кунем, ватанамонро ҳамешагӣ дӯсту азиз дорем, ба қадри оромиву осудагӣ, хуррамиву ободӣ расем, соҳибистиқлоливу ваҳдати комилро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва гиромидошти падару модар ба воя расонем, таълиму тарбия намоем, аз шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову ифротӣ пешгирии намоем, пеши роҳи ҷинояту ҷинояткориро гирем, дар тӯю маъракаҳо аз зиёдаравӣ ва исрофкорӣ худдорӣ намоем, фарзандонро ба адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасу қарзи аввалиндараҷа сафарбар намоем ва доимо содиқи Ватану давлат бошем.

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.