Ҷашни Сада таҷлил карда шуд

 1 664 боздид

Имрӯз, 29 январи соли ҷорӣ дар назди Театри мусиқӣ-драммавии ба номи М. Воҳидов бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷашни Сада таҷлил карда шуд.

Зимни таҷлили ҷашни Сада дар он ярмарка намоиши гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ҳамешасабз ва дарахтони мевадиҳанда доир гардид, ки дар он ба миқдори 20 ҳазор дарахтони гуногун ба маъраи фурӯш гузошта шуда сокинон аз он харидорӣ намуданд. Дар ярмарка аз ҷониби 9 ҷамоат, шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимии ноҳия ба ҳозирин гулҳои хонагӣ ба намоиш гузошта шуд.

Мақсад аз ташкили ярмаркаи дарахтон ободу сарзабз гардонидан ва бо гулҳои ороишӣ оро додани хиëбонҳои ноҳия арзëбӣ гардид.

Зимни таҷлили Иди Сада барномаи фарҳангӣ тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.