Ҷасорату мардонагиаш беназир буд (Бахшида ба 80-солагии шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев)

 513 боздид

Дар зиндагии ҳар фард, алалхусус, баъди расидан ба синни камолот за­моне фаро мерасад, ки сарро сари зону гузошта ва ё байни ду даст гирифта, ба дарёи фикру андеша ғӯтавар мешавад ва раҳи паймудаи зиндагии худро бори дигар пеши назар оварда, амалкардҳои хешро, чӣ хубу чӣ бад, дар мизо­­ни ақл барме­ка­шад. Чун дафтари рӯзҳои бебозгашт сипаригаштаро бори ди­гар варақгардон мекунад, дар сафҳаҳои он ҳама кирдору гуфторҳо, рӯйдоду ҳодисаҳо ва бахусус сарчашмаи ин ҳама гирудорҳо – одамон пеши назар чун навори кино ҷилвагар мешаванд.

Дар ин лаҳзаҳо, бахусус, бештар он нафаронеро ёдовар мешавӣ, ки айни замон дар қайди ҳаёт нестанду зиндагиро дар зинаҳои пасту баланд падруд гуф­таанд. Дар байни он афроди бешумор шахсонеро кайҳо фаромӯш кардаю асло ба ёд овардан намехоҳӣ ва симои дигаронеро бо як самимият пеши назар овардаю ҳеҷ аз лавҳи хотир дур кардан намехоҳӣ.

Шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев маҳз аз зумраи он шах­соне мебо­шанд, ки ба гурӯҳи дувум мутааллиқанд. Он ки, тақдир моро ба ҳам овард ва чанд муддат ҳамкору ҳампеша будем, мояи сарфарозию ифтихори ман аст. Зеро шахс вақте мартабаю ман­зал­ати баландтареро касб менамояд, ки бо инсони дар ҳақи­қат бузургу бошараф ҳамнишину ҳамсуҳбат шуда ва болотар аз он дӯсту бародар гардида бошад. Шодам, ки маро дар пайраҳаҳои пурпечутоби зиндагӣ чунин бахти бузург насиб гардидааст ва нафаре аз ин зумра шахсон маҳз он марди қавииродаю боҷа­со­рат, донишманду нукта­фаҳм мебошанд.

Имрӯз дафтари хотиротамро варақгардон карда, рӯзҳои ав­ва­ли шино­сои­амонро, ки солҳои ҳафтодуми асри гузашта итти­фоқ афтода буд, ба ёд ме­орам. Он вақтНурулло Ҳувайдуллоев дар мақомоти судӣ, ман дар мақо­моти про­ку­ратура фаъолият ме­кардем. Баъдина бошад, ман дар шуъбаи маъ­мурӣ-ҳу­қуқии Куми­таи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ифои вази­фа ме­на­мудаму шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев баъди хатми аспи­ран­тураи Ака­демияи илмҳои ҷамъиятӣ дар назди Кумитаи марказии ҲКИШ даставвал ба ҳайси муовин ва баъдина сардори ҳамин шуъба кор мекарданд. Дар ҳамон солҳои ҳамкорӣ ман эҳсос кардам, ки он кас як марди боҷасорату нотарс ва дар айни замон донишманду бозаковат мебошанд. Дар кор сахт­гиру сер­та­лаб, аммо фориғ аз кор шахси ҳалиму хоксоранд. Дарк кар­дам, ки бо чунин на­фарон ҳамкор будан кайфияти хосае дорад, зеро ҳам донишу таҷ­рибаат афзун мешавад ва ҳам аз мактаби одамгарию одамшиносӣ сабақ меомӯзӣ. Сол­ҳои баъд низ, вақте ки он кас дар он солҳои пурошӯб Про­ку­рори гене­ралӣ таъин шуданду ман дар бахши тафтишотии мақомоти про­куратура ифои вазифа менамудам, чун ҳампешаю ҳамандеша будем, ин робитаи дӯстиамон идома ёфту қавитар гардид.

Имрӯз хушнудона ёдрас мешавам, ки он занҷираи хамди­гарфаҳмию эҳ­ти­роми якдигар, дӯстию бародарии дар тӯли солҳои ҳамкорӣ байни мо ву­ҷуд­дошта то интиҳои умри шод­равон Нурулло Ҳувайдуллоев гусаста на­гар­дид. Ва баъди марга­шон ҳам ман он дафтари хотираҳои неку фаромӯш­но­шуданиро бо шодравон гиромӣ доштаму медорам. Ҳамон тавре, ки он кас дар солҳои ҳафтодум ва баъдина маро сардору устод буданд, пас аз дар­гу­заш­ташон дар солҳои навадум ман чунин муносибати самимиро нисбат ба писара­шон – Фурқатҷон, ки узви Фронти халқӣ гардида, ҷиҳати амалӣ гар­дидани орзую омоли падараш баҳри тантанаи қонунияту адолат фидокориҳо намуд, идома додам. Аммо ин баъдтар рух дода ва дар сафҳаҳои дигари даф­тари хотиротам нақш бастааст, вале он вақт замони корна­мои­ҳои падар буд.

Шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев аз мактаби ҳамонвақта ҳизби муқта­дир ва пешбари ҷомеа сабақ гирифта, донишу малакаашонро афзун намуда, пас он таҷрибаи андӯхтаро дар ҷараёни фаъолияташон ба ҳайси вакил ва Раиси кумитаи Шӯрои Олии кишвар татбиқ намуданд. Алалхусус, роҳи бебоз­гашти ҳақ­гӯиву ҳақталошӣ, ростгӯиву ростқавлӣ, адолатхоҳию прин­сип­нокӣ ва риояи ҳатмии қонуниятро, ки чун ҳуқуқшиноси варзида пеша карда буданд, ҳангоми фаъолияташон ҳамчун узви комиссияи тафтишоти воқеаҳои моҳи феврали соли 1990 ба ҳамагон бармало нишон доданд. Аз ҳа­мон рӯзҳо му­холифоне, ки қасди ғасби ҳокимиятро ба сар доштанд, он касро ҳамчун монеаи ҷиддие дар роҳи амалӣ кардани нақшаҳои бадкоро­на­ашон ҳисобида, тухми кинаю адоватро ба қалбҳои нопокашон коштанд.

Аз моҳи феврали соли 1991, ки он кас дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ аз байни се номзад нахустин Прокурори генералии ҷум­ҳу­рии соҳиб­истиқ­лоли Тоҷи­кистон интихоб шуданд, ин тафриқаи пайдошуда бо мухоли­фин бештару амиқтар гардид. Зеро роҳи пешакардаи онҳо мухталифу мухолифи ҳам буд, яке роҳи ростро интихоб кардаю дигаре бо роҳи каҷ қадам мегузошт. Яке бо ри­ояи ҳатмии қонунҳои мавҷуда, мубори­заи оштинопазир бур­дан ба ҷиноят­корию ришвахӯрӣ пеши роҳи қонунвай­рон­кунию бе­ни­зомиҳоро гириф­танӣ буд, дигароне баръакс, обро лой кардаю моҳӣ доштан мехостанд.

Имрӯз он давраи бенизомию беҳокимиятӣ, ҳуқуқвай­рони­кунию қонун­­шиканиҳоро, ки муҷиби ҷанги шаҳрвандию кушто­ри ҳазорҳо шаҳрвандони бегуноҳ гардид, ба ёд оварда, афсӯс мехӯрам, ки агар дар он лаҳзаҳои тақ­дирсози миллат шахсони ғаюру боҷасорат, ҳақгӯю ҳақшинос, ҳомии ҳақи­қии тартиботу риояи қонунҳои амалкунанда чун шодравон Нурулло Ҳувай­­дул­лоев бештар мебуданду дар як саф бо ӯ қарор медош­танд, мо мета­во­нистем дар оғоз пеши роҳи он ҷанги хонумонсӯзро би­гирем. Дар ин маврид ҳақ ба Саъдии бузургвор аст, ки чандин қарн пештар огоҳамон карда буд:

Сари чашма шояд гирифтан ба бел,

Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.

Оре, он ахгарро дар ибтидо андак пиндоштем, аммо он забо­на заду сӯх­тори азимеро ба вуҷуд овард, ки дар натиҷа хушк ҳам сӯхту тар ҳам. Бале, мудҳиштарин давраи аввали истиқлоли кишвар маҳз ҳамон ҷанги шаҳр­­­вандӣ буд, ки боиси марги ҳазорон шаҳрвандон, бевамонии занону ятим­гардии кӯдакон, то ба миллион расидани теъдоди гурезагон ва ба мил­лиардҳо раси­дани хисороти моддии он гардид. Алалхусус хисороти маъна­вии он барои мардуми кишвар басо гарон омад, чунки дар баробари шаҳр­вандони бегуноҳ боз шахсиятҳои барҷастаи миллат маври­ди таъқибу куштор қарор гириф­танд, ки яке аз онҳо шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев буд.

Он рӯзи наҳси 24 августро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам ва то имрӯз ҷузъиёти он аз лавҳи хотиротам зудуда намешавад. Чунки он рӯз бароям басе душвор оғоз гардид. Аз нимаҳои шаб хобҳои парешон маро нагузош­танд, ки ором бихобам. Субҳи барвақт бо як нороҳатӣ аз ҷогаҳ бархоста, бо табъи нохуш, ҳатто наҳорӣ накарда, ҷониби коргоҳ роҳ пеш гирифтам. Дар идора ҳам хеле бо хотири мушавваш нишаста, хостам худро андар­мо­ни коре кунам, аммо дасту дили гарме надоштам. Аз як тараф ҳаводиси ахири киш­вар маро безобита карда бошад, аз ҷониби дигар қалбам аз паёмади нохуше дарак медод. Ва ин хабари нохуш куштори ҳомию нигаҳбони қонуният дар кишвар – Нурул­ло Ҳувай­дуллоев буд, ки бо шунидани он чун шахси барқ­за­дае дар ҷоям шах шуда мондам, на қудрати сухангӯӣ доштам ва на тавони раҳгардӣ. Пас аз гузашти чанд муддате худро ба даст гирифта, бошитоб сӯи макони ҳодисаи ваҳшатбор роҳ пеш гирифтам.

Раҳораҳ ҳеҷ бовариам намеомад, ки пастфитратону нокасон то ин дараҷа аз худ рафта, ба ҷони Прокурори гене­ралӣ, нафаре, ки аз ҳамагон риояи ҳат­мии ҳуқуқу қонунҳоро талаб дошт, дастдарозӣ кардаанд. Ҳарчанд то ин за­мон таҳдиду фишор­ова­риҳо буданд, аммо аз сухан ба амал гузаштани он но­ҷавон­мар­донро интизор набудам. Шояд ду ҳафта пеш аз рӯйдоди хунин аз нигаҳбонҳои шахсӣ даст кашидани ин марди боҷасорат он тарсуёни кунҷи деворро ба кирдори разилона водор карда бошад.

Бале, ба кирдор, ҳол он ки қаблан гуфторҳои таҳдидомез аз забони аф­роди мухолифи ҳукумати конститутсионӣ ошкору ниҳон садо дода бо­шанд ҳам, аммо шодравон Нурулло Ҳувай­дуллоев танҳо бо як ибораи он замон вирди забонҳо гаштаи «Ман тарсончак нестам», ҷасуриву мардо­нагии худро нишон доданд. Он мубоҳисаи тезу тунди телеви­зионие, ки ғайри­чашм­дошти ташкилкунандагони он ба пирӯзии комили шодравон хотима ёфт, обрӯю эъти­борашонро дар байни мардуми кишвар баланд­тару дар айни замон сафи душманонашонро бештар гар­донда, ба онҳо роҳи интихоби дигареро, ба ҷуз ҷисман нобуд кардан, нагузошта буд. Дарк карданд, ки бо ин шери жаён дар майдони кушод тавони ҳамна­бард шуданро надоранд, пас барои расидан ба мақсадҳои разилонаашон роҳи макру фиреб ва нопокию ноҷавонмардиро пеш гирифтанд.

Баъдтар тафтишот муайян кард, ки нақшаи кушторро ҳа­мон­рӯза роҳ­барони ҳизби мухолифони ба ном “демократию исломӣ”, вале дар амал тер­рористӣ, ба мисли Шодмони Юсуф, ки худро роҳбари «Наҷоти Ватан» но­ми­да буд, сардори он ситоди ҷаллодпеша Саидмурод Қурбонов ва чанд ҳам­маслакони онҳо тарҳрезӣ карда буданд. Нақшаи кушторро онҳо барвақт ка­ши­­даю зархаридони нопокро ҳам пайдо карда, дар пайи имконияти мувофиқ буданд.

Шояд дар воситаҳои ахбори оммаи зердасташон зидди нигаҳбонҳои шахсии Прокурори генералӣ ҳангома бардошта, онҳоро аз «бозӣ баровар­дан» як самти он нақшаи бадхоҳона буд. Ин ҷо бояд тазаккур дод, ки мута­ас­сифона, як гурӯҳ депутатҳои Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, ки дар он рӯзҳо мухо­лифони ҳукумати конститутсиониро ошкору пинҳонӣ дастгирӣ менамуданд, ба фишору таҳдиди ҷисман нест кардани Прокурори генералӣ воқеъбинона назар накарда, ҷиҳати бозхонд наму­дани нигаҳ­бонҳои шахсии шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев овоз доданд. Ин мавқеъгирии ноодилона ҷиноят­коронро ба ин амали бераҳ­мона таҳрик намуд. Чун фурсати муносиб фаро расид, ин кирдори ваҳши­ёнаро бо дастони ҷаллодони хунхор Раҳимбек Нуруллобеков ва Давлатбек Махмудов амалӣ намуданд. Ҳар­чанд ҳақ ба ҳақдор расид ва он ҷаллодон дар як муддати кӯтоҳ дастгир гардида, бо ҳук­ми суд ба қатл маҳкум шуданд, аммо талафоти ба мардуми ҳақҷӯю ҳақпа­расти кишвар, ба ҳуқуқу қонуният расондаи онҳо ҷуброннопазир боқӣ монд.

Ибораи машҳури он солҳо аз қалбашон баромада ва аз забонашон садо­додаи «Агар марги ман ба ҷумҳурӣ оромӣ орад, ман ба марг омода ҳастам» на он замон, балки бо мурури панҷ соли даргирию кушторҳо, муколамаю маш­­­варатҳо, ҷаҳду талош­­ҳо ва ҳамдигарбахшию гузашт­куниҳо бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ фаро расид. Ба гуфти шоири шодравон устод Лоиқ ниҳоят:

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Ва барои он ки ҳарчӣ зудтар ин сулҳи деринтизор фаро расад чӣ қадар хунҳои ноҳақ рехта шудаю чӣ қадар мардони май­дон, боҷасорату ватандӯст ҷонашонро қурбон намуданд. Пас, имрӯз мо- насли калонсолро, ки рӯзҳои мудҳишро аз сар гузаронидаем ва имрӯза насли ҷавонро, ки он воқеаҳои шумро танҳо шунидаанду аз наворҳо тамошо кардаанд, мебояд ба қад­ри ин сулҳу осоиштагии бар ивази хеле гарони фидокорию ҷон­нисориҳо ба даст омадаро ҳифз намудаю чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Ин нукта борҳо дар сухан­рониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Пре­зи­денти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида­аст, зеро сабақ гирифтан аз он рӯзҳои ваҳшатбор, бори дигар фирефта нашудан ба доми душманони миллат, аз даст надодани ҳушёрию зиракии сиёсӣ, ба вижа барои ҷавонон хеле муҳимму сар­на­вишт­соз аст.

Пас месазад, ки мо имрӯз ва ҳама рӯзҳои минбаъда аз он воқа­е­ҳои муд­ҳиши ҳаёти кишвар ҷавононро хотиррасон карда, номи он шахсиятҳое, ки барои фардои дурахшони ин сарзамину мардуми шарифи он ҷонашонро дареғ надоштанд, ба некӣ ёдрас шуда, хотираашонро абадӣ гардонем. Дар ин ҷода барои абадӣ кардани поси хотири шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев дар миқёси кишвар иқдомҳое карда шуданд ва хосатан кӯчаеро дар пойтахти ҷумҳурӣ ба номи он кас гузоштанд, ки боиси қадр­шиносию дастгирист, зеро дар ин зиндагии кӯтоҳ, вале пурба­ракат он кас тавонистанд, ки бо ҷасорату мардонагӣ, қатъияту устуворӣ ва халқпарварию меҳандӯстӣ номи хешро дар таърихи солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт намоянд. Ин корномаи аввалин Прокурори генералӣ, ки барои риояи қонун, тантанаи адолат ҷонфидоӣ карданд, барои ҳар як фарди ҷомеа, хусусан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд мактаби сабақомӯзӣ бошад.

Хотираи неки ӯ ба мо, насли имрӯзу фардо бо забони ҳол аз воқеаҳои фоҷиабори солҳои навадум ҳикоят карда, ҳамзамон таъкид месозад, ки ба­рои риояи қонуну қонуният, ҳаёти орому осоиштаи мардуми кишвар бояд чунин нотарсу фидокор буд ва алайҳи ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо набояд хомӯ­шу бетараф истод. Ин худ як дарси ҳаёт аст, ки ба он ҷойгузини ди­га­реро натавон пайдо кард.

Мехостам саҳифаҳои парешону нопурраи дафтари хаё­ло­там­ро дар бораи шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев бо мисраъ­ҳои таскинбахши шодравон Лоиқ Шералӣ анҷом бахшам. Шои­ри шаҳир гӯё бо ин баётлаҳзаҳои нотак­рори умри он касро, ки бо ҳама таъқибу таҳдидҳо, озору азиятҳо пеши ҳар палиду нокас сар хам накарданду зону ба замин нагузоштанд, тасвиру васф намуда бошад. Дар ҳақиқат, барои чун ӯ шахсиятҳои боҷасорату ғаюр, пок­дилу покниҳод, ҳақҷӯю хақгӯй ва закию донишманд сарбаланду сарафроз ва баору номус зиндагӣ кардану ин тавр дунёро тарк кардан беҳтару волотар аз бешарафию дар таги ор зиндагӣ кардан буд.

Мард он, ки шарафманду баномусу ҷавонмард

Бо ин ҳама озор сазовор бимирад!

Амирқул Азимов,

Мушовири ҳақиқии давлатии адлия,

собиқадори мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.