Ҷавонони ояндасоз бошем, на ояндасӯз

 414 боздид

Маълум аст, ки имрӯз амалҳои тундгароёнаи гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ҳамчун вабои аср ба амнияти кишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистони азизи мо низ  таҳдид мекунад.  Амалҳои тасвирнашавандаи гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ тавассути васоити ахбори омма ҳамарӯза бозгӯ мешаванд. Ба ин ҳама кӯшиши пайваста нигоҳ накарда ин зуҳуроти номатлуб ба худ хислати фаромиллӣ ва глобалӣ мегирад.

Дар ин самт ҷавонон қишри нозуку осебпазири ҷомеа маҳсуб меёбанд, чун аксари онҳо аз ҷиҳати равонӣ ба воя нарасидаанд, устувор нестанд ва аз ҳама таассуфовараш метавонанд ба осонӣ ба дому фиребу найранг ва ғояҳои радикалӣ гирифтор шаванд. Пӯшида нест, ки созмонҳои ифротӣ аз ин истифода мебаранд ва бо ваъдаи ҳалли масоилу мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, бо ваъдаҳои дурӯғу ҳавоӣ чунин ҷавонону наврасони навроҳ дар роҳи рӯзгорро ба доми тазвири хеш мекашанд.

Имрӯз дар ин муҳорибаҳои хунину бемаънӣ ҷавонони тоҷик низ ширкат намуда истодаанд. Аммо аксарият натиҷаи ин амали кӯтоҳандешонаи худро дер дарк месозанд. Дертар эҳсос мекунанд, ки чӣ қадар иштибоҳи бузурге кардаанд, бародару хоҳари худро аз даст додаанд, падару модари муштипари хешро дидагирён кардаанд ва аз ҳама муҳимаш ба Ватани азизи хеш хиёнат кардаанд, ки ин ҳама нобахшиданист. Аммо, пушаймонӣ суде надорад. {аминро низ қайд бояд кард, ки аксари ҷавононе, ки дар макотиби динии  хориҷи кишвар таҳсил доранд ва ё дар муҳоҷират ҳастанд, бештар ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудаанд. Ин бори дигар аз бетарафии аҳли ҷомеа, бетаваҷҷуҳии падару модарон, гумроҳии ҷавонон ва дониши пасти динию дунявии онҳо, надоштани шуғлу ҷойи кор дарак медиҳад.

Дар Паёми имсолаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як самимияти беандоза бори дигар изҳор намуданд, ки ба ҷавонони созандаи миллат боварии калон доранд. Ин таваҷҷуҳу меҳрубонии Сарвари давлат бори дигар собит месозад, ки мо—ҷавонон насли ояндасоз бошем, на ояндасӯз. Зиракии сиёсии хешро аз даст надиҳем, ба обу хоки муқаддаси кишвар содиқ бимонем, ояндаи неки фарзандони хешро таъмин созем ва арзандаи боварии Пешвои муаззами миллат бошем.

Барои ин дӯст доштани Ватан, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, қадр намудани неъматҳои Истиқлолият мебояд. Ба ёд овардани нобасомониҳои солҳои наваддуми асри гузашта кифоя аст, ки ба қадри имрӯзи тинҷу осуда, дастархони пурнозу неъмат ва сулҳу суботи кишвар бирасем ва барои рушди ҳамаҷонибаи кишвари хеш кӯшиш намоем.

Ҷамшед НАСРИДДИНОВ, мудири бахши кор бо ҷавонон

ва варзиши ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.