Чемпионати сеюми ноҳия оид ба футбол байни 16 дастаи варзишгарон идома дорад. Дар ин бора Шараф Дадоматов муовини Федератсияи футболи ноҳия иттилоъ дод.
Чемпионати мазкур бо ташаббуси Федератсияи футболи ноҳия аз санаи 3-юми январ оғоз гардида, то моҳи марти соли ҷорӣ идома меёбад. Он дар майдонҳои варзишии ҷамоатҳои ноҳия гузаронида шуда, 16 дастаи варзишгарон дар 2 гурӯҳ байни ҳам бозиҳои дӯстона анҷом медиҳанд.
Дастаҳои ғолибро Ҷом, медал ва ифтихорномаи Федератсияи футболи ноҳия интизор аст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2016 Федератсияи футболи ноҳия таъсис ёфта, рамзи Федератсия футбол низ тасдиқ гардидааст.