Каримзода Хушнуд Каримӣ

Каримзода Хушнуд Каримӣ 12 октябри соли 1984 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2001 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ба номи Абуалӣ ибни Синои шаҳраки Шайдонро бо медали тило хатм кардааст. Соли 2006 филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси муҳандис –технолог аъло хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 2001 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Аз соли 2005 то 2006 мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Суғд, аз соли 2006 то 2007 ҳуқуқшиноси корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзили комуналии ноҳияи Ашт, аз соли 2007 то 2011 ҷонишини раиси корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзили комуналии ноҳияи Ашт, аз соли 2011 то 2013 сармутахассиси бахш оид ба корҳои дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, аз соли 2013 то 2015 мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолият бурдааст. Аз моҳи октябри соли 2015 дар вазифаи роҳбари дастгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт фаъолият мекунад. Забони русӣ ва ӯзбекиро медонад