Кирдори Аҳриманонае, ки бегумон ҷазои сазовор мегирад

 678 боздид

Куштори хоинонаву ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ, ки санаи 29 июли соли равон дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рӯй дод, ягон нафари худогоҳ, худшинос ва билохир ягон тоҷикистонии меҳандӯстро канор нагузошт.

Пӯшида нест ва маълум ҳам гардид, ки ин ҳодисаи нангин аз ҷониби хоинони ҳайвонсурату ҳайвонсират тарҳрезӣ шудаву ба воситаи аъзоёни ҲНИ фармоиш дода шуд ва ба сомон расид. Ин душманони ватан бори дигар собит карданд, ки ангушти шашуми ҷомеа, даррандагони ваҳшӣ дар сурати инсон, гумроҳтарини гумроҳон ва золимтарини золимон ҳастанд. Онҳо падару модар, хоҳару бародар ва дар равони нопокашон дил надоранд. Бо амали навбатии хеш ин гумроҳони наҳзатӣ мехоҳанд миёни мардум тухми нофаҳмиву тафриқа паҳн кунанд.

Бо ин амали ноҷавонмардона мехоҳанд ба оромию шукуфоии кишвар латма зананд, барои ворид шудани сайёҳони хориҷӣ монеа эҷод намоянд. Аммо ин кӯрдилон бехабар аз онанд, ки мардуми бонангу номуси Тоҷикистон, сокинони маърифатпешаи он дигар намегузоранд, ки дар кишвари мо оташи дасисабозиву номардӣ, ҷангу ноамнӣ фурӯзон гардад, намегузоранд, ки осмони софи диёрамон тира гардад ва билохир ҳамешагӣ аз сиёсати имрӯзаи сарвари тоҷикон бо тамоми ҳастӣ пуштибонӣ хоҳанд кард.

Дидани шукуфоии миллати тоҷик, ки бо чӣ қадар ҷоннисориҳову сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, дидани он, ки ин замон сафи сайёҳон ба мамлакати биҳиштосои мо рӯз аз рӯз фузун мешавад ва Тоҷикистонро ҷаҳониён мешиносанд, барои ин хоинон душвор аст.

Бояд қайд кард, ки нисбати рӯкушоии ҳодисаи мазкур бо дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби роҳбарияти ВКД, КДАМ ва Прокуратураи генералӣ гурӯҳи кории салоҳиятнок таъсис дода шуд ва тибқи маълумоти АМИТ «Ховар» ҷинояткорон қисман нобуд ва қисми боқимонда дастгир шудаанд. Бегумон ҷинояткорон барои ин кирдори ваҳшиёна ҷавоб хоҳанд гуфт. Ин бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон давлати қудратманд аст, барои сулҳу субот ва оромии ҷомеа метавонад истодагарӣ намояд.

Файласуфе навишта буд, ки инсоният ба кайҳон паридан, дар об шино карданро омӯхтааст, аммо акнун бояд дар рӯйи замин инсонвор зиндагӣ карданро омӯзад.Бегумон ин гуфта бо он хоинону сангдилону бемаърифатон дахл дорад. Он кӯрдилоне, ки аз ҳайвон пасттар рафтор кардаанду онҳоро наметавон инсон ҳисобид.

Онҳо воқеан бехабаранд ва ё худро ба ноогоҳӣ мезананд, намедонанд, ки мардуми тоҷики тоҷдор аз азал ҳамчун мардуми меҳмондӯст, маърифатзамир, дилёбу донишманд шинохта шудаанд. Мардуме, ки боре алайҳи халқе, миллате аввалин шуда силоҳ набардоштааст, мардуме, ки гузаштагонаш бузург буданду соҳиби волотарин арзишҳои маънавиву фарҳангӣ аст. Мардуме, ки асолаташ инсонпарваристу меҳмоннавозӣ, созандагиву бунёдкорист.

Имрӯз, ки иқтидори сайёҳии кишвар рӯ ба рушд овардаву шароитҳои созгори фароҳамовардаи Ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст, умед мебандем, ки ин ҳодисаи нангин наметавонад пеши роҳи ташрифи сайёҳонро бигирад, барои будубоши онҳо монеа ба миён оварад, ба чеҳраи самимонаву гарми мардуми меҳмондӯсти тоҷик гарде орад. Орзу мекунем, ки бо дастгириву пуштибонии ҳам, бо ҳамдигарфаҳмӣ ва созиш сайёҳону хориҷиён боз дарҳои моро мекӯбанд ва аз табиати биҳишосои диёрамон баҳра мегиранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, кулли сокинони ноҳия ин амали аҳриманонаи хоинони миллату меҳанро қотеона маҳкум менамоянд ва бегумон умед доранд, ки аз ҷониби масъулон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷинояткорон ҷазои сазовори худро хоҳанд гирифт.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.