Кишти аввали пахта дар ноҳия

 1 192 боздид

Нимаи дуюми имрӯз бо иштироки роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар хоҷагиҳои деҳқонии “Пискокат”-и Ҷамоати деҳоти Ашт ва “Рахшона”-и Ҷамоати деҳоти Ифтихор кишти аввали пахта оғоз гардид.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба кишоварзон ва масъулини соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати рӯёнидани ҳосили баланди пахта дастуру супоришҳо дода, даъват ба амал овард то аз ҳар як ваҷаби заминҳои обёрикардашуда самаранок истифода баранд.

Рафторҷон Муҳаммадиев сардори Раёсати кишоварзии ноҳия иттилоъ дод, имсол барои ҳосилнокии баланди пахта зиёда аз 900 тонна чигитҳои хушсифат захира гардидааст, ки соли равон дар майдони 6 ҳазор га кишт карда мешавад.

Ба иттилои масъулин соли ҷорӣ майдони кишти пахта 700 га васеъ карда шуда, ҳамзамон ҷамъоварии ҳосили пахта низ зиёд гардидааст. Соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия дар майдони 5410 гектар пахта кишт намуда, зиёда аз 14 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда буданд.

Мавриди зикр аст, ки дар оғози кишти пахта кишоварзони ноҳия дар майдони зиёда аз 20 га замин пахта кишт намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.