Конференсияи илмӣ – адабӣ бахшида ба 76 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 100 – солагии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯйчӣ Эрйигитов

 423 боздид

Дар асоси нақша – чорабиниҳо ва дастури Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Суғд санаи 4 майи соли равон, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30, деҳаи Қаҳрамони Ҷамоати деҳоти Шодоба бахшида ба 76 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ва 100 – солагии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯйчӣ Эрйигитов бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия раисони ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони меҳнат, омӯзгорони омодагии дифои ҳарбӣ, роҳбарони ташкилоти идораҳо, кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, хонандагони муассисаи таълимии ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, Шодоба ва Ҷамоати шаҳраки Шайдон иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин тарбияи дурусти наврасон ва ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарварӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад.
Роҳбарияти ноҳия, кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва меҳмонону хонандагон аз хона – музейи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯйчӣ Эрйигитов дидан намуда, бо аёниятҳо, тасвирҳо, чизу ашёҳҳо, либосу ҳуҷҷатҳо ва ёддоштҳои таърихии ҷангии Тӯйчӣ Эрйигитов шинос шуданд.
Сипас, Раиси ноҳия ва ҳайати ҳамроҳонашон дар зери пояи муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯйчӣ Эрйигитов гулчанбар гузошта бо таъзим ёд намуданд. Дар назди муҷассама ва оташи абадӣ ҳамаи иштирокдорон хотираи неки шаҳидон, қаҳрамонон ва иштирокчиёни набардҳои хунини солҳои ҷангро бо дақиқаҳои хомӯшӣ ёд карданд.
Баъдан роҳбарияти ноҳия ба сухан баромада, тамоми сокинон ва иштирокчиёни конференсияро бо 76 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ва 100 – солагии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯйчӣ Эрйигитов табрику муборакбод намуда, оид ба дастгириву ғамхориҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи иштирокчиён ва заҳматкашони ақибгоҳи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гуфта гузаштанд. Дар назди ҳозирин оид ба воқеаҳои охир дар ҳудуди вилоят рух дода истода гузашта, таъкид намуданд, ки мо бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем, барои корҳои ободонию созандагӣ ҳиссаи арзандаи худро гузошта, бо дастовардҳои муносиби меҳнатӣ ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшиш ва ғайрати худро равона созем.
Пас аз анҷоми суханрониҳо собиқадори меҳнат, Сулаймон Азимӣ аз ашъори эҷодиёташ вобаста ба Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯйчӣ Эрйигитов ва шаҳидони ҷанг шеърҳо қироат намуд.
Дар охири кори конференсия аз ҷониби омӯзгорон ва толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 барномаи ҷолиби фарҳангӣ ва лаҳзаҳои ҷангии Тӯйчӣ Эрйигитов пешкаши тамомобинон гардонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.