Конфронс:  “Тоҷикистон кишвари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо”

 1 603 боздид

26-уми май дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ноҳияи Ашт ва чойхонаи миллӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, муовини якуми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Назарзода Ризо Шодӣ,  мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб, Турсунзода Қурбоналӣ, роҳбари ширкати сайёҳии “Тоҷикистон трейвл”, Ситора Набиева конфронси  миллӣ-сайёҳии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Тоҷикистон кишвари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо” баргузор гардид, ки дар он 250 нафар иштирок намуданд.

Нахуст, раиси ноҳияи Ашт  баромад намуда, гуфт ки ҳаҷми умумии маблағи даромад ба буҷаи маҳаллӣ аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ  52305 сомониро ташкил медиҳад. Аммо  то ҳол дар ин соҳа ҳамкориҳои дуҷониба бо давлатҳои хориҷӣ дар ноҳия ба роҳ монда нашудааст. Моро мебояд, ки сатҳу сифати ҳама гуна хизматрасониҳоро баланд бардошта, муттахассисони касбиро омода кунем  ва баҳри ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба ноҳия кӯшиш ба харҷ диҳем.

Баъдан, Назарзода Ризо Шодӣ зимни баромадаш иброз дошт: “Мақсади асосии рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ташкил намудани саноати сайёҳии фоидаовар ва рақобатпазир аст, ки ба талаботҳои замонавии хизматрасониҳои сайёҳӣ, таъминоти даромади маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.  Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб  рафта, бо дарёчаҳо, кулҳо ва манзараҳои зебо дар ҷаҳон шуҳрати зиёд пайдо намудааст”.

-Шумораи умумии иншоотҳои сайёҳии вилоят ҳудуди 100 ададро ташкил медиҳанд. Бо назардошти имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ, дар вилоят 18 субъектҳои хоҷагидор фаъолияти сайёҳиро тадбиқ намуда истодаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии вилояти Суғд ба кишвар ворид шуда, ба намудҳои туризми куҳнавардӣ ва экологӣ машғул мешаванд,-илова намуд Назарзода Ризо Шодӣ.

Роҳбари ширкати сайёҳии “Тоҷикистон трейвл”, Ситора  Набиева зимни баромадаш гуфт: “Вақте ба ноҳияи Ашт сафар намудем мушоҳида кардем, ки куҳҳои зиёди зебо дар ин минтақаи кишвар хеле бисёр аст. Барои кашф ва бунёди мавзеъҳои сайёҳӣ дар ноҳияи Ашт ҷойҳои мувофиқ низ ба назар мерасанд. Аз ин лиҳоз мо иқдом гирифтем, ки аз ҷониби ширкат 3 адад нақлиётро махсус ба рафту омади сайёҳон ба ноҳияи Ашт ҷудо намоем то сайёҳон аз минтақаҳои зебои ноҳияи Ашт низ баҳравар гарданд”.

Қисмати дуюми конфронс дар чойхонаи миллии ноҳия ҷараён гирифт ва дар оғоз намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони ноҳия баргузор гашт.

Дар қисмати дуюми конфронс пешниҳод карда шуд, ки барои омӯзиши сатҳу сифати хизматрасониҳо ба сайёҳон, аз ноҳияи Ашт 10 нафар ба ноҳияи Варзоб сафарбар карда шуда, ба онҳо роҳбаладӣ омӯзонида шавад. Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки аз ҷониби омӯзгор ва соҳибкор Эраҷ Қурбонов дар ноҳия як ширкати сайёҳӣ таъсис дода шавад.

Сайидои ШОДӢ,

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.