Коргоҳи саноатии “Марҳамат” ба фаъолият оғоз кард

 1 060 боздид

Имрӯз, 3 март дар ҷамоати деҳоти Ошоба корхонаи нави саноатии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Марҳамат” ба истифода дода шуд.

Дар расми ифтитоҳи ин корхонаи саноатӣ и.в раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо иштирок намуда, зимни суханронӣ иброз дошт: “Чанде пеш сехи банду басти меваи хушк дар ҷамоати шаҳраки Шайдон ва маркази савдо дар ҷамоати Ориён ба истифода дода шуд. Корхонаи пахтатозакунии “Марҳамат” сеюмин коргоҳ аст, ки имрӯз мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифт. Мақсад аз бунёди коргоҳҳои нави саноатӣ дар ҳудуди ноҳия, пеш аз ҳама таъмини сокинон бо ҷои кори доимӣ, зиёд истеҳсол намудани маҳсулоти  хушсифат мутобиқ ба талаботҳои бозори ҷаҳонӣ мебошад”.

Корхонаи пахтатозакуниро соҳибкори маҳаллӣ Хӯҷаназаров Расулҷон бо харҷи зиёда аз 1 миллион сомонӣ бунёд намудааст. Корхона метавонад дар  як шабонарӯз 300 тонна пахтаро коркард намояд. Дар корхонаи мазкур 40 нафар сокинони деҳаи Марҳамат бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар идомаи сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти Ошоба Зариф Мирдадо аз коргоҳи равғанбарории ин ҷамоат дидан намуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.