Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Ҷамоати деҳоти Понғоз

 1 052 боздид

Имрӯз, 17 уми август, дар асоси супориши протоколии Раиси ноҳияи Ашт, аз 6 уми августи соли ҷорӣ, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бекоршавии ақди никоҳ, ҳодисаҳои номатлуб ва худкӯшӣ дар Ҷамоати деҳоти Понғоз, бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи бахши кор бо занон ва оила, бахш кор бо ҷавонон ва варзиш, бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва сармутахассис, котиби коммиссияи кор бо ноболиғони МИҲД-и ноҳия  гузаронида шуд.

Гурӯҳи корӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар назди бозори Ҷамоати деҳоти Понғоз ва деҳаҳои Хишхона, Бободархон ва Саро гузарониданд. Дар натиҷа, ба оилаҳои ноустувор аз деҳаҳои Хиштхона ва Саро, баҳри барқарор намудани зиндагии якҷояашон маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Инчунин гурӯҳи корӣ бо бонувон, ҷавонон, ва омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ва Гимназияи 5 оид ба маърифати оиладорӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, паст кардани сатҳи бекоршавии ақди никоҳ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суҳбату вохӯрӣ намуданд.

Дар охир ба фаъолони Ҷамоати деҳоти Понғоз дастур дода шуд, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбия, одобу ахлоқи хонандагон ва ба духтарон омӯзонидани  маърифати оиладориву рӯзгордорӣ, корбариро пурзӯр намоянд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.