Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷамоати деҳоти Ашт

 878 боздид

Тавре иттилоъ дода будем, ҳафтаи сипаригашта муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, аз мавзеи Аштсойи Ҷамоати деҳоти Ашт дидан карда буд.

Зимни ин сафар муовини Сарвазири мамлакат аз вазъи  соҳилмустаҳкамкунӣ дар Аштсой  изҳори нигаронӣ карда, талаб намуд, ки корҳои барқарорсозӣ дар мавзеъҳои зарардида ҷоннок карда шавад.

То имрӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии сокинону соҳибкорони маҳаллӣ  зиёда аз 2 ҳазору 470 метр селроҳаҳо безарар гардонида шуда, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз маҳаллаи Ҷавонони деҳаи Ашти поён то маҳаллаи кӯчаи Охон сурат гирифт.

 

 

 

 

 

Ҳоло бошад, бо баробари фаро расидани фасли гармо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҳанӯз идома дошта, сохтмончиён дар дигар минтақаҳои Аштсой селроҳаҳоро безарар мекунанд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми рӯз аз корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Аштсой дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати босифат ва дар муддати кӯтоҳ ба итмом расонидани корҳои соҳилмустаҳкамунӣ дастуру супоришҳо дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.