Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон

 766 боздид

Имрӯз, 27 ноябр дар Ҷамоати шаҳркаи Шайдон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ оғоз ёфт. Тибқи иттилои раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдон Рустамзода Наврӯз, зиёда аз 40 метр, дар Шайдонсой соҳилмустаҳкамкунӣ карда шуда, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дорад.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, Зариф Мирдадо, ба Ҷамоати мазкур ташриф оварда, аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дидан кард.

Дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ саҳми сокинони ҷамоат низ назаррас мебошад. Хотирасон менамоем, ки барои корҳои барқарорсозӣ 600 метри квадрати симтурхалта ба Ҷамоати шаҳраки Шайдон тақдим карда шуд.

Тавре Диловар Ҳамдамов, сардори бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд, дар ноҳияи Ашт, иттилоъ дод, то имрӯз ба Ҷамоатҳои Ошоба, Пунук, Понғоз ва Шайдон 11055 (ёздаҳ ҳазору панҷоҳу панҷ) метри квадратӣ симтурхалта дода шудааст.

Ёдовар мешавем, аз 16 ҳазор метри квадратӣ симтурхалта, ки барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ захира карда шуда буд, айни ҳол 4945 метри квадратӣ симтурхалта боқӣ монда, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дигар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия идома дорад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.