Корвони модарони ваҳдатсаро дар Ваҳдат

 1 096 боздид

Чанде қабл тибқи барқияи Ҳукумати кишвар дар шаҳри Ваҳдат корвони модарони ваҳдатсаро баргузор гардид, ки дар он кормандони Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ашт низ иштирок намуданд.

Тавре Обода Каримӣ, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия иттилоъ дод, иштирокдорони корвони модарони ваҳдатсароро мизбонон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ваҳдат самимона истиқбол гирифта, меҳмондорӣ карданд.

Баъдан модарони ваҳдатсаро аз ҳама ҷамоатҳо ва муассисаҳои шаҳри Ваҳдат, аз ҷумла аз қисми ҳарбии 16772, ки дар он 5 нафар сарбоз аз ноҳияи Ашт адои хизмат мекунанд, дидан намуда, бо шароит ва зиндагии сарбозон аз наздик ошно гардиданд. Байни сарбозон ва модарони ваҳдатсаро дар мавриди тарбияи ватанпарастонаи ҷавонон мулоқот сурат гирифт.

Дар охир аз ҷониби сарбозон ба ҳозирин барномаи фарҳангӣ тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.