Кӯмакпулӣ ба иштирокчиёни садамаи Чернобил

 1 288 боздид

Имрӯз, 20 апрел дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бахшида ба 31-умин солгарди «Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил» вохӯрӣ доир гардид, ки дар он раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ва бартарафкунандагони садамаи Чернобил иштирок намуданд.

Нахуст З.Мирдадо баромад намуда,  аз шуҷоат, мардонагӣ ва ватандӯстии бартарафкунандагони садамаи Чернобил ёдовар шуда гуфт: “26-уми апрели соли 1986 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, блоки 4-уми яке аз агригатҳои Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил ба садама дучор шуд. Натиҷаи ин садама ба 9 миллион аҳолии 18 давлати дунё зарар расонид. Барои бартараф намудани ин ҳодисаи мудҳиш, аз ноҳияи мо 10 нафар ҷавонон ширкат варзиданд, ки аз онҳо имрӯз 6 нафар дар қайди ҳаёт мебошанд».

Дар идома Турсунмат Исоматов раиси бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил дар ноҳия сухан гуфта, миннатдории худ ва бартарафкунандагони садамаи Чернобилро барои ғамхорӣ ва дастгирӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баён намуд.

Дар охир ба бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил  туҳфаҳои хотиравӣ ва кӯмакпулии яквақтаина аз тарафи МИҲД-и ноҳия тақдим карда шуд.

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.