КӮШИШИ ДУБОРАИ ПУР АЗ FАРАЗ, КИ БА ҲАДАФ НАХОҲАД РАСИД

 646 боздид

(ИЗҲОРОТИ АҲЛИ ЭҶОДИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ РӮЗНОМАИ НОҲИЯВИИ «ШУҲРАТИ АШТ»)

Сокинони маърифатпешаву соҳибхирад ва меҳандӯсти Тоҷикистон, ҷавонони бофарҳангу зираки кишвар ҳеҷ гоҳ аз хотир набаровардаанд, ки Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзат бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ солҳои навадуми асри гузашта амалҳои хоинонаву номардонаи зиёде карданд, ки бар асари он ватани ободи мо ба харобазор табдил ёфт, оҳу нола ва гиряи модари тоҷик ба афлок бархӯрд, миллати тоҷик фарзонафарзандони зиёди хешро аз даст дод.

Ин бехирадону намак хӯрда намакдон бишкастагон хостанд оромиву осудагии кишварро аз байн бибаранд, теша ба решаи Тоҷикистони навистиқлолу навниҳол зананд.

Имрӯзҳо онҳо боз даст ба кӯшиши дубора задаанд, боз худро бегуноҳу пок вонамуд намуда, ҳадафҳои пур аз ғарази хешро амалӣ карданианд. Дар ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава Ташкилоти наве бо унвони «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро дар ҳайати 15 нафар таъсис додаанд. Ҳар нафаре, ки аз ба ҳам омадани  ин чор ташкилот; Ҳизби наҳзати исломӣ, анҷумани озодандешони тоҷик, ҷунбиши ислоҳоти иқтисодӣ ва рушд, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна, ки соҳиби диду назар ва  афкори мухталиф ҳастанд, ба андеша меравад.  Фаъолияту ҳадафҳои ин ташкилотҳо, ки ин замон тариқи саҳифаҳои иҷтимоӣ расонаӣ мешаванд, бори дигар собит месозад, ки мароми онҳо расидан ба ҳадафҳои манфуронаи сиёсӣ асту халос. Ҳадаф боз ҳамон ҳадаф аст: пур кардани кисаҳо бо маблағҳои ҳароми хоҷагони хориҷӣ ва халал ворид намудан ба истиқлоли меҳани азиз, ки бо чӣ қадар ҷонбозиҳову ҷонфидоиҳо ба даст омадааст. Ин амали онҳо каждуми таги бурёро ба хотир меорад ва чӣ тавре ки мегӯянд, муқтазои табиати каждум ин аст, ки ҳамеша неши заҳрогин бизанад.

Таъсиси ин ташкилот, ки дар унвонаш номи азизи Тоҷикистонро дарҷ кардаанд, нафратовар аст. Ин нохалафон боз чӣ гуна тавонистаанд, ки дар ташкилоти худ номи муқаддаси Тоҷикистонро ҷой диҳанд? Куҷо аз паймону миллату меҳан хабар доранд? Вақте ин қадар номардиву хунрезиву хоиниҳо содир намудаанд! Вақте боиси гиряву нолаи фалакшикофкунандаи модарон гаштаанд, вақте хонаи тоҷикро сӯзондаанд! Вақте ниҳодашон пур аз нафрату сиёҳист ва тафаккурашон манқуртист.

Раиси ин созмон, ки ба Ватани хеш хиёнат кардааст, якҷоя бо хоҷагони хориҷиаш ба хотири дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои нопокаш чӣ ваҳшониятҳое содир намудааст, бо кадом дилу ният ва бо кадом рӯ худро сарвари ин созмон муаррифӣ кардааст?

Тоҷикистон дигар он давлати ақибрафтаву қашшоқу навташкил нест! Тоҷикистон ҷавони ҳузарби 27-сола аст, ки ин замон шаҳрвандонаш, мардумонаш, ҷавононаш қудрату хоҳиши зиёд  доранд, меҳанро аз қадамҳои нопоки нохалафон ҳифз намоянд. Ҷавонони тоҷик имрӯз соҳиби маърифату дониш, зиракии сиёсӣ ҳастанд, дарку эҳсос мекунанд, ки дар ин майдони сиёсат киро дастгирӣ хоҳанд кард ва киро маҳкум.

Эътимод дорем, ки ҳаммиллатони мо, бахусус, тоҷикони бурунмарзӣ зиракии сиёсии хешро аз даст нахоҳанд дод, фирефтаи дасисабозиву бозиҳои номардонаи навбатии ин хоинони миллат нахоҳанд шуд.

Насли ояндасози Тоҷикистони соҳибистиқлол, мардуми фарҳангманиши он ин амали навбатии наҳзатиёнро бегумон маҳкум менамоянд ва агар лозим ояд, баҳри халал наёфтани осудагии меҳан ҷони азизи хешро дареғ намедоранд.

Мо, сокинони ноҳияи Ашт, ба аҳли Тоҷикистони азиз ва ба ҷаҳониён муроҷиат менамоем ва мегӯем: халқи соҳибтамаддуни меҳан, ки ин замон зери партави сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳомии иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодати миллат зиндагӣ доранд, намегузоранд ҳадафи навбатии хоинонаи душманони миллат амалӣ гардад!

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.