Маҳфили “Ширу шакар” баргузор гардид

 436 боздид

 

Санаи 20 марти соли равон дар Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов” бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, сардорони Раёсатҳо роҳбарони ташкилоту идораҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шоирону ҳунармандон дар радифи баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ дар асоси дастури Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тартиби таҳия ва пешниҳод намудаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири тарғиби дастовардҳои 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тараннуми ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон маҳфилҳои шеъру суруд таҳти унвони “Ширу шакар” баргузор гардид.
Дар маҳфил ду нафар аъзоёни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устод Зафар Аҳмад ва иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, шоири ҷавону умедбахш Сафар Абдураҳимов иштирок намуданд. Маҳфилро адибон ва ҳофизони хушсадои ноҳия зебу зиннати каломи бадеӣ бахшида, хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
Баргузор гардидани маҳфил ба фарорасии ҷашни Наврӯзи фархундапай тавъам гардида, боиси қайд аст, ки имрӯз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ин Иди аҷдодӣ шукуҳу тобиши тоза касб намуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.