Маҳкамов Ҷамшед Тоҷибоевич

Маҳкамов Ҷамшед Тоҷибоевич 19 июни соли 1977 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Баъди хатми мактаби миёна, соли 1998 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси иҷтисодчӣ (рӯзона) хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатияшро соли 1998 ба ҳайси сармутахассиси Раёсати молияи ноҳияи Ашт оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт фаъолият кардааст. Аз моҳи ноябри соли 2010 то дар вазифаи мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Ашт таъин гардидааст.

Оиладор буда, забони русӣ ва ӯзбекиро медонад.