Имрӯз, 18-уми июл дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт маҷлиси фаъолони ноҳия баргузор гардид, ки дар он аз нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нимосолаи якуми соли 2017 натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ҷаласа муовини раиси ноҳия оид ба иқтисод Ҷамшед Маҳмудзода аз фаъолияти нимсолаи аввали соли 2017 гузориш дод. Тибқи иттилои Ҷ. Маҳмудзода дар даври ҳисобӣ хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия ба маблағи 32 млн 112 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд, аз он ба маблағи 29 млн 779 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки баробари 92,7 фоизи нақша мебошад.
Дар ноҳия ҷиҳати таъмини иҷроиши “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020” ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ аҳамияти хоса зоҳир мегардад. Дар асоси барномаи мазкур соли равон дар ноҳия бунёди 281 гектар боғу токзори нав ва барқарор намудани 46 гектар боғоти куҳна пешбинӣ шуда, дар майдони 175 гектар боғу токзори нав бунёд ва дар майдони 482 гектар боғоти куҳна барқарор карда шудааст, ки мутаносибан баробари 62,3 фоиз ва 10,5 маротибаи нақшаи барномавии солонаро ташкил медиҳад. Дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 190 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шудааст.
Дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 2625 тонна ғалладона, 705 тонна картошка, 1620 тонна сабзавот ва 5021 тонна мевагиҳо истеҳсол карда шуданд. Ҳамзамон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзии ноҳия ба миқдори 2673 тонна гӯшт, 14426 тонна шир, 4397 ҳазор дона тухм, 201,7 тонна пашм ва 14,2 тонна пилла истеҳсол карда шудааст. Нисбат ба ҳамин даври соли гузашта аз ин нишондиҳанда истеҳсоли гӯшт 51 тонна, шир 524 тонна, тухм 752 ҳазор дона зиёд шудааст. Дар маҷмӯъ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давр 118,5 млн сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 3,9 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он баробари 103,4 фоизро ташкил медиҳад.
Дар даври ҳисобии соли равон аз ҳудуди ноҳия ба хориҷи кишвар зиёда аз 1775 тонна меваи тар ба маблағи 493 ҳазор доллар содирот карда шуд ва содироти он ҳанӯз ҳам идома дорад.
Аз тарафи ташкилотҳои сохтмонии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2017 ба маблағи 5443,8 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шудааст, ки дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин даври соли 2016 227,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва суръати афзоиши корҳои сохтмонӣ ба 158,4% баробар аст. Бо истифодаи манбаҳои мухталифи маблағгузорӣ дар ҳудуди ноҳия 9 адад иншоотҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, хизматрасониву маишӣ ба маблағи умумии 3918,3 ҳазор сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бо мақсади идома додани корҳо дар самти таъмири иҷроиши барномаи “Роҳҳои обод”, дар ин давр дар масофаи 72,3 км роҳҳои дохилӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Ҳамзамон барои таъмири ҷории роҳи Ашт-Хуҷанд аз ҷониби раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ 1 млн сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри таъмини иҷроиши барномаи вилоятии “Соли 2017- соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” як қатор корҳоро ба сомон расонид. Тибқи барномаи мазкур соли равон дар ноҳия кофтану таъмири 2 адад чоҳои амудӣ, кашидани 3,0 километр хатҳои нави обгузар, таъмиру тармими 9 километр қубурҳои оби нӯшокӣ бо маблағи умумии 452,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шудааст. То ҳол дар ҳудуди ноҳия аз тарафи сохторҳои соҳавӣ ва соҳибкорону аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 2 адад чоҳҳои нави амудӣ кофта, 2 адад чоҳои амудӣ таъмир карда шуданд, дар масофаи 4,1 километр хати нави обгузар кашида шуда, дар масофаи 3,8 километр қубурҳои оби нӯшокӣ таъмиру тармим карда шуданд. Барои иҷрои корҳои зикргардида, аз ҳисоби ҳамаи манбаҳо 604,4 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Зимни ҷаласа раиси ноҳия аз раисони ҷамоатҳо пурсиш ба амал овард. Муайян гардид, ки дар ҷамоатҳои ноҳия заминҳо аз гардиши кишоварзӣ ва кишти такрорӣ дур мондаанд. Ҳамзамон то ҳол аксар муассисаҳои таълимии ноҳия барои зимистонгузаронӣ ангишт захира накардаанд.
Дар охир роҳбарияти ноҳия барои бунёди гармхонаву сардхонаҳо дар ҷамоатҳои ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳо дода, барои рафъи камбудиҳо дар соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг ба роҳбарони онҳо вазифаҳои мушаххас дод.