Маҷлиси фаъолони ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2018

 910 боздид

Имрӯз, 16-уми июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт маҷлиси фаъолони ноҳия таҳти раёсати Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Шарифҷон Ахмедов доир гардид.

Дар маҷлиси фаъолон муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия, фаъолон ва  директорони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.

Муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда маърӯза кард.

Тибқи иттилои муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ бедарназардошти андози иҷтимоӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 ба маблағи 18 миллиону 95 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шуда, дар асл 18 миллиону 430 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд, ки баробари 101,8% фоизи нақша буда, нисбати он 333,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нисбати ҳамин давраи соли 2017 ба буҷет 2 миллиону 637 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 16,7% зиёд маблағ ворид гардидааст.

-Гарчанде  ҷиҳати кам кардани бақияи қарзи андозҳо ба тавари доимӣ корбарӣ шуда истодааст, вале натиҷаи он назаррас намебошад. Ба санаи ҳисобӣ мувофиқи ноҳия 4 миллиону 107 ҳазор сомонӣ қарзи андозҳо боқӣ мондааст, ки нисбати нишондиҳандаи 1 январи соли 2018 99,6 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Дар шаш моҳи соли равон дар соҳаи саноат ба маблағи 71 миллиону 412 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2017, 10 миллиону 487 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши истеҳсолот ба 117,2%  таъмин шудааст.

Дар давраи сипаришудаи соли 2018 бо истифодаи имконияту захираҳои дохилӣ, дар ноҳия 3 коргоҳҳои саноатӣ ташкил карда шудааст.

Дар маркази ноҳия аз тарафи ҶДММ “Хорои Хуҷанд” коргоҳи коркарди санги хоро бо арзиши 1,4 миллион сомонӣ бо таҷҳизоти муосири хитоӣ бунёд карда шуд, ки иқтидори истеҳсолиии он 3000 метри мураббаъ санги сохтмонӣ дар як сол буда, 20 нафар муттахассиси маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Дар давраи ҳисобӣ 2 корхонаи саноатӣ пешравии истеҳсолотро таъмин накардаанд ва суръати афзоиш дар ҶСК “Кони намак”- 73,6% ва ҶДММ “Иброгим”-45,1% -ро ташкил намуд.

Дар назди ҶСК “Зардолу ва компания” коргоҳи дӯзандагӣ дар шаҳраки Шайдон ба истифода дода шудааст, ки дар он 10 адад таҷҳизоти дӯзандагии истеҳсоли Ҷумҳурии мардумии Хитой васл карда шудааст. Иқтидори истеҳсоли коргоҳи нав дӯхти 8000 адад либосҳо дар як сол буда, 200 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020” ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ аҳамияти хоса зоҳир карда шуд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия аз ҳисоби заминҳои талу теппа ва ғайрикишоварзӣ дар майдони 175 га боғу токзори нав бунёд карда шудааст, ки баробари 584,0%-и нақшаи барномавии солона мебошад.

Соли ҷорӣ аз рӯи сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2018 кишти баҳорӣ дар майдони 9890 гектар пешбинӣ карда шудааст, ки аз он 791 га ғалладонагиҳо, 6200 га пахта, 200 га растаниҳои равғандеҳ, 200 га сабзавот, 150 га картошка, 300 га полезиҳо ва 2185 га зироатҳои хӯроки чорво мебошад.

Дар нимсолаи ҳисобии соли равон мувофиқи ноҳия ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 137 миллиону 84 ҳазор сомониро  ташкил намуд, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2017 7 миллиону 27 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 105,4% мебошад.

Дар даври ҳисобии соли равон аз ҳудуди ноҳия ба хориҷи кишвар зиёда аз 1775 тонна меваи тар ба маблағи 493 ҳазор доллар содирот карда шуд ва содироти он ҳанӯз ҳам идома дорад.

Дар ин давра дар ноҳия 554 нафар шаҳрвандони бекори дар қайд буда, бо кори доимӣ тавсия гирифта, соҳиби ҷойи кор шуданд. Дар ин муддат 86 нафар бекорон ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуда, 205 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Баъдан Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сардорони як қатор корхонаву муассисаҳо пурсиш ба амал овард. Оид ба дарёфти манбаҳои иловагии андоз, инвентаризатсия, аҳамияти беш зоҳир намудан ба қабули шаҳрвандон ва таъмини босифати ҳалли муроҷиатҳои сокинони ноҳия, ҳамкории зич бо аҳли xамоатчигӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ, таъмин намудани аҳолӣ бо оби полезӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва бо мусоидату дастгирии ҳамдигар баргардонидани ҷавононе, ки дар макотиби динии давлатҳои хориҷ таҳсил доранд, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тариқи воқеӣ ва шаффоф гузаронидани ҳама гуна ташхисҳои беморон, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақшаи бунёдкориҳо бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва ғайра ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар маҷлиси фаъолони ноҳия намояндаи МИҲД-и вилоят, Шарифҷон Ахмедов сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд суханронӣ намуд.

Ӯ ба аҳли фаъолони ноҳия барои ноил гардидан ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ, гузоштани саҳми арзанда дар амалигардонии рушди устувори соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия изҳори сипос намуд.

Дар охир Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба як қатор роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия, раисонуи ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, дастуру супоришҳо дода, барои рафъи камбудиҳо дар соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг вазифаҳои мушаххас дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.