Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

 774 боздид

Имрӯз, 22 феврал дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт маҷлиси аъзоёни Раёсати КИ ҲХДТ баргузор гардид.

Дар кор маҷлис Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Баҳриддин Зиёӣ, муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, собиқадорони КИ ХҲДТ, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, фаъолон ва аъзоёни ҲДХТ дар ноҳияи Ашт иштирок доштанд.

Баҳриддин Зиёӣ дар баромади худ иброз дошт: “Сарвари давлат ҳадафмандона солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд. Тавре Пешвои миллат зикр карданд, иқдоми масзкур беҳтар намудани инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳти мамлакат бо оби босифати ошомиданӣ ва ниҳоят баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро ҳадаф қарор додааст. Дар амалӣ гардидани ин ҳадафи бузург аъзову ҷонибдорони ҲХДТ низ нақши муҳим доранд”.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо зимни баромади худ, аз фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, натиҷагирӣ намуда, доир ба баъзе масъалаҳо пешниҳоди худро иброз дошт.

Аз тарафи Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт пешниҳод карда шуд, то раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз аттестатсия гузаронида шуда, ситоди “Интихобот-2020” ва гурӯҳҳои аналитикӣ дар назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва маъракаи “Обуна-2019” ҷамъбаст ва ситоди “Обуна-2020” ба нашрияҳои ҳизбӣ таъсис дода шавад.

Дар охир ба масъулин барои саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта,  вазифагузорӣ карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.