Маҷлиси васеъ оид ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ

 937 боздид

20 апрел бо иштироки раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар ҷамоати деҳоти Понғоз, Ашт ва Шодоба маҷлиси васеъ оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар доир гардид, ки дар он фаъолони ҷамоатҳо ширкат варзиданд.

Зариф Мирдадо зимни маҷлис баён дошт, ки иҷроиши нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷамоати деҳоти Понғоз, Ашт ва Шодоба назаррас набуда, то ҳол нақшаи даъват пурра иҷро нагардидааст.

Ҷавононе ҳастанд, ки бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, аммо баъзе ҷавонон аз он саркашӣ мекунанд. Бояд фаъолон раисони деҳаҳо, маҳаллаҳо, омӯзгорон ва директорони муассисаҳои таълимӣ дар самти ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд,-иброз дошт З. Мирдадо.

Дар маҷлиси васеъ оид ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ масъулин омилҳои иҷро нашудани нақшаи даъватро дар ҷамоати деҳоти Понғоз, Ашт ва Шодоба шарҳ дода гуфтанд, ки барои ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Дар охир Зариф Мирдадо ба масъулин барои иҷрои пурраи нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ супоришҳои мушаххас дод.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.