Мактаби санъати бачагонаи ноҳия 50 сола шуд

 1 285 боздид

Санаи 25 майи соли 2021, дар мактаби санъати бачагонаи ноҳия чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 50 – солагии мактаб (1971 – 2021) бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Мамадҷонов Зафар, кормандони бахши фарҳанг, шуъбаи маориф, якқатор ташкилоту идораҳо, адибон, шоирон, нависандагон, маҳфили “Ворисони Маъдан”, омӯзгорон, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаби санъати бачагона, роҳбарият ва кормандони мактаби санъат баргузор гардид.
Нахуст намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба сухан баромада, аз номи роҳбарияти ноҳия аҳли фарҳанг ва иштирокдорони чорабиниро бо ҷашни 50 – солагии мактаби санъати бачагона сидқан табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно намуд.
Баъдан якчанд нафар собиқадорони соҳа, хатмкунандагону хонандагони фаъол бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир ҷиҳати болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ аз ҷониби хатмкунандагон ва хонандагони мактаби санъати бачагона барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ пешкаш карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.