Марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ дар ноҳияи Ашт

 976 боздид

Субҳи имрӯз, 20-уми майи соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Ашт шаҳраки Шайдон дар доираи як моҳи ҷавонӣ, бахшида ба истиқболи Рӯзи ҷавонон ва эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби зиёда аз 300 нафар ҷавонон марафони велосипедронӣдоир гардид.

Марафони велосипедронӣ аз даромадгоҳи Ҷамоати шаҳраки Шайдон то назди МИҲД-и ноҳия ҷараён гирифт, ки дар он ҷавондухтарон ва ҷавонписарон фаъолона иштирок намуданд.

Инчунин бо ҷалби васеи сокинони ноҳия дави миллӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 3 ҳазор сокинони маркази ноҳия, аз он ҷумла, ҷавонон, наврасон ва кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия ва меҳмонон аз манотиқи кишвар фаъолона иштирок намуданд.

Дави миллӣ аз назди даромадгоҳи Ҷамоати шаҳраки Шайдон то назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷараён гирифт.

Тавре Комрон Машарифов, мудири Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия иттилоъ дод,  имрӯз дар тамоми ҷамоатҳои ноҳия низ дави миллӣ баргузор гардид. Дар маҷмӯъ зиёда аз 18 520 ҳазор нафар сокинони ноҳия дар дави миллӣ иштирок намуданд.

Хотирасон менамоем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир кардани Рӯзи дави миллӣ 28 марти соли 2007 таҳти №225 ба тасвиб расида, аввалин дави миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 майи соли 2007 баргузор гардида буд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.