Марде аз табори озодагон!

 299 боздид

Ҳар кас, ки ба даҳр ними ноне дорад,
В-аз баҳри нишаст як маконе дорад.
Не махдуми кас бувад, не ходими кас,
Ку шод бизист, хуш ҷаҳоне дорад.
Таъсири амиқи ин шоҳбайтро нафароне эҳсос мекунанд, ки аз ҳамин таборанд. Яъне соҳиби бурдаи ноневу макони нишасте ва қудрате мебояд то ин маззаву макон ҳамеша хурраму обод бошад. Ин РИСОЛАТ, ин НЕРӮ, ин ҒАЙРАТ дар чеҳра ва шахсияти Раиси ноҳия Мирдадо Зариф бармалост. Шояд бисёриҳо андеша кунанд, ки то ба одамгариву сарварӣ ҳаддест ниҳоят тӯлонӣ. Аммо дар чеҳра ва шахсияти он кас ин роҳ басе наздику ҳамвор. Зеро ӯст, ки шахсиятро, одамгариро волотар аз мақомаш медонад, ин аст муваффақ будани ӯ дар арсаи сиёсати мардумшиносӣ. Бешак ӯ бе муболиғаву ташбеҳоти зиёд дар ҳақиқат Раиси мардумист.
Коргоҳи асосии ӯ миёни мардум, гоҳе дар қади роҳ, гоҳе миёни анбӯҳи одамон, гоҳе дар сари дармондаеву дасти хайраш болои сари ятиме, муҳаббаташ болои корафтодае. Рисолаташ ба ҷо овардани ҳамаи гуфтаҳост. Аммо гоҳе мешавад бо чашми ҳасуд ба сӯяш санг мезананд, аммо он сангро бо амалаш чу пахта нарм месозад. Гоҳе чун сангари Ватан аз ноадолатӣ фарёд мезанад, аммо чашми адолатро нури дигар мебахшад.
Рӯзи милодатон муборак бошад, муҳтарам Раис! Бошад, ки дар боғи арсаи сиёсат гулҳои муаттари одамгароиву ободкорӣ, муҳаббату садоқат ҳеҷ гоҳ Шуморо тарк насозанд ба хотири онҳое, ки Шуморо мешиносанду қадр мекунанд. Умри Саъдии бузург насибатон!
Аҳли кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.