Маросими муарифии раиси ноҳияи Ашт

 402 боздид

27 январ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт маросими муарифии раиси ноҳияи Ашт баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Ашт озод намудани Зариф Мирдадо ва раиси ноҳияи Ашт таъин намудани Шӯҳрат Муҳаммадзодаро ба самъи фаъолони ноҳия расонид. Иттилоъ дода шуд, ки Зариф Мирдадо бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳия озод гардида, ба ҷойи ӯ Шӯҳрат Муҳаммадзода раиси ноҳия таъин гардид.
Таъкид гардид, ки хизматҳои Зариф Мирдадо барои рушди ноҳия назаррас буда, ӯ дар мувофиқа бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси вилояти Суғд таъин карда шуд.
Раиси вилоят ба Шӯҳрат Муҳаммадзода барору комёбиҳо таманно намуда, барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарияти ноҳия вазифаҳои мушаххас гузошт.
Тавре маълумот дода шуд, Шӯҳрат Муҳаммадзода 30 сентябри соли 1978 таваллуд шудааст. Соли 2014 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси маркетинг хатм кардааст.
Номбурда солҳои 2003-2009 раиси хоҷагии деҳқонии «Шӯҳрат»-и ноҳияи Ашт ва аз апрели соли 2009 то ҳол директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ширкати сохтмонии Рахшона»-и ноҳияи Ашт буд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва ноҳия мебошад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.