Машқи пагоҳирӯзӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон

 999 боздид

Субҳи имрӯз, 10-уми августи соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Ашт шаҳраки Шайдон бахшида ба Рӯзи варзишгарон ва эълон гардидани “Соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” машқи пагоҳирӯзӣ доир гардид.
Машқи пагоҳирӯзӣ дар назди театри мусиқӣ драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия ҷараён гирифта, дар он беш аз 200 нафар аз ҷумла, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва наврасону ҷавонон фаъолона ширкат варзиданд.
Тавре ба мо аз бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия иттилоъ доданд, имрӯз дар тамоми Ҷамоатҳои ноҳия низ машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардида истодааст. Мақсади асосӣ ин солимии ҷомеа ва дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.