Машварати августии омӯзгорон баргузор шуд

 1 931 боздид

Имрӯз, 26-уми август дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов машварати августӣ бо омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт иштирок намуданд.

Зимни баргузории машварати августии омӯзгорон дар саҳни театр ба фарзандони оилаҳои ниёзманд ройгон сару либоси мактабӣ тақдим карда шуд.

Баъдан дар толори театр раиси ноҳия омӯзгоронро бо фаро расидани соли нави хониш таҳният гуфт ва барои онҳо дар таълиму тарбияи насли наврас барору комёбӣ таманно кард.

Зимни сухан гуфтан роҳбарияити ноҳия дошт, ки соҳаи маориф соҳаи афзалиятнок буда, он дар меҳвари сиёсати дурбинонаи Президенти мамлакат қарор дорад. Аз ин лиҳоз сол то сол маблағгузории соҳаи маориф афзоиш меёбад. Таъмири асосии мактабҳо ва азнавбунёдкунии онҳо идома дорад. Соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хиштхонаи ҷамоати деҳоти Понғоз мактаби миёнаи умумии №13 ба номи Камоли Хуҷандӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дорои шароити хуби таҳсил мебошад. Имрӯзҳо бошад дар ноҳия бунёди бинои МТИ босурат ҷараён дорад ва он то таҷлили Рӯзи иҷлосияи тақдирсози мамлакат ба поён мерасад.

Дар машварати августӣ як қатор омӯзгорон бо сипосномаи Раёсати маорифи вилоят  ва раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир аз тарафи Бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ тақдими ҳозирин гардид.

Сайидои ШОДӢ,

                                                                                                                                         Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.